МАРКАЗИ НИЗОМИИ АМРИКО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОМИЛИ ЭҶОДИ БЕСУБОТӢ ДАР МИНТАҚА АСТ
Як коршиноси рус гуфтааст, ки эҷоди Маркази низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳ ба иртиботи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон бо нерӯҳои низомии хориҷии мустақар дар ин кишвар, нигаронкунанда ва бесуботии баландмуддат дар минтақа аст.
Андраник Дереникян, пажӯҳишгари маркази мутолиоти «полит контакт»-и Русия дар гуфтугӯ бо хабаргузории «Форс» шарҳ дода, ки эҳтимоли эҷоди маркази ҷадиди низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда аст ва афзуд: «Агар чунин амре ба вуқӯъ бипайвандад, муҷиби бесуботии баландмуддат дар минтақа мешавад».
Вай бо ишора ба иртиботи наздики гурӯҳҳои террористӣ, мухолифати давлати Кобул, бо нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон, хотирнишон кард, ки ҳар навъ тақвият ва густариши ҳузури низомии хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ низ бо ин равиш дунбола хоҳад шуд.
Дереникян, пажӯҳишгари рус, сипас бо ишора ба ин ки дар Амрико гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки ба дунболи эҷоди Маркази ҷадиди низомӣ дар Осиёи Марказӣ ҳастанд, ин мавзӯъро ба далели эҷоди бесуботии баландмуддат дар минтақа нигаронкунанда донист.
Дереникян ҳамчунин афзуд: «Бархе аз кишварҳо барои таъмини манофеъи геополитикию иқтисодии худ, дар ибтидо аз эҳтимоли суқути чолишҳо ва таҳдидҳое дар минтақа сухан мегӯянд, сипас худашон ин чолишҳо ва таҳдидҳоро эҷод карда ва эълом мекунанд, ки қасд дорем бо ҳузур дар минтақа аз шумо дифоъ кунем!»
Ин коршиноси рус возеҳ мегӯяд, ки: «Ин кишварҳо дар Афғонистон низ ба таври фаъол барномаҳои мушобеҳеро дунбола мекунанд ва чунончи ба Толибон таваҷҷӯҳ кунем, хоҳем дид, ки бахше аз онҳо вобаста ба Покистон ва бахше дигар таҳти нуфуз ва назорати дигарон қарор доранд».
Вай таъкид кард, ки бозӣ ба ин сурат ҳидоят мешавад, ки Толибон иқдомоти террористии мухталифе анҷом медиҳанд, бо ҳамла ба манотиқи мухталиф, бархе навоҳиро метарконанд, сипас нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон эълом мекунад, то замоне, ки Толибон муртакиби чунин ҷиноятӣ шаванд, мо наметавонем вазифаи худро поёнёфта бидонем ва ба таври комил аз ин кишвар хориҷ шавем.
Андраник Дереникян идома дод: «Дар муқобили Толибон бо судури баёния эълом мекунад, то замоне, ки нерӯҳои низомии хориҷӣ аз хоки Афғонистон хориҷ нашаванд, ба иқдомоти худ идома хоҳанд дод ва ин бозӣ метавонад дарозмуддат идома ёбад».
Вай хотирнишон кард, ки: «Ба таври қотеъ яке аз далоили аслии бесуботии Афғонистон, ҳузури низомиёни хориҷӣ аст ва бештари гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Кобул, аз сӯи нерӯҳои низомӣ ва иттилоотии хориҷии мустақар дар Афғонистон,мусаллаҳ ва пуштибонӣ мешаванд».
Сиёсати бетарафӣ - муҳимтарин роҳи наҷоти Афғонистон аз бӯҳрон
Ин коршиноси масоили сиёсӣ ва амниятии минтақа, қабули мавзӯи бетарафӣ тавассути Афғонистонро муҳимтарин роҳи ҳалли мушкили ин кишвар донист ва афзуд, ки дар ин замина бояд ҳамсояҳои Кобул фаъолона саҳим шаванд.
Дереникян бо таваҷҷӯҳ ба эҳтимоли ба имзо расидани паймони стратегии миёни Кобул ва Вашингтон, хотирнишон кард, ки чунин паймоне, ҳар навъ умеде ба вазъи бетарафии Афғонистонро аз байн хоҳад бурд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба таъмини субот ва амният дар ин кишвар кӯмак нахоҳад кард.
Вай гуфт, ки вуҷуди пойгоҳҳои низомии бегона дар қаламрави Афғонистон, на танҳо мунҷар ба ҳассосият ва асабонияти ҳамсоягон, балки нигаронии кули ҷомеаи АвруОсиёро ба дунбол хоҳад дошт, ки худ ба маънои ба чолиш кашондани ин фазои бузурги геополитикӣ аст.
Андраник Дереникян, ҳамчунин бо ишора бар ин ки бархе хостори хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар ҳастанд ва бархе дигар монанди ин нерӯҳо ҳадди ақал то чанд соли ояндаро зимни ҳифзи суботи нисбӣ дар ин кишвар медонанд, таъкид кард, ки вазъи Афғонистон бисёр печида аст.
Вай афзуд: «Дар ин кишвар дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад ва мухолифат дар байни ақвоми сокини Афғонистон ва ҳам сардорони қавмӣ ба возеҳ дида мешавад, ки албатта нерӯҳои хориҷӣ барои идомаи бесуботӣ дар Афғонистон, аз байн рафтани ваҳдат ва истиқлол аз он ҳимоят мекунанд».
Дереникян ҳамчунин бо баёни ин ки ҷомеаи Афғонистон ва ба хусус нухбагони афғонӣ бояд инро дарк кунанд ва нагузоранд, то нерӯҳои хориҷӣ алоқаманд ба эҷоди ихтилоф дар ин кишвар, ба аҳдофи ғайри машрӯъи худ бирасанд. Андраник хотирнишон кард, ки ваҳдати ин гурӯҳҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки шароити зайл дар дохили Афғонистон эҷод шавад.
Вай гуфт, ки қабл аз ҳар чиз бояд дар дохили ҷомеаи афғонӣ фазои гуфтугӯ байни ақвом фароҳам шавад, яъне Толибон низ бояд ба таври ҳатмӣ ба ин раванд бипайванданд. Дереникян хотирнишон кард: «Мавзӯи муҳими дигар, ташхиси ин нуқта аст, ки оё Толибон сохтори созмонёфтаи воҳидӣ ҳастанд, ва ё гурӯҳҳои дигаре, ки таҳти нуфузи нерӯҳои хориҷӣ аз қабили Амрико, Англия ва Покистон қарор доранд».
Ин коршиноси барҷастаи рус афзуд, ки: «Ҳамчунин бояд ба бархе шароити дигар низ таваҷҷӯҳ кард; масалан, коршиносони масоили минтақавӣ аз эҳтимоли тарҳи мавзӯъи хати Диюранд ва бознигарии марзҳои Афғонистон ва Покистон сӯҳбат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба иқрори коршиносони афғонӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ хати марзи мавҷударо пазируфта ва чунончӣ аз хориҷ ба ин мавзӯъ доман зада нашавад, гумон меравад, ки акнун дар Афғонистон алоқамандии хосе барои тарҳи ин мавзӯъ вуҷуд надорад».
Андраник Дереникян, сипас таъкид кард, ки чунончӣ дар қонуни асосии Афғонистон, ин кишвар бетараф ва бидуни иддаои марз нисбат ба ҳамсоягонаш монанд шавад, гумон меравад, ки нигарониҳои Покистон коҳиш ёбад ва шароит барои гуфтугӯи нерӯҳои солими сиёсии Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояи аз қабили Эрон, Покистон, Осиёи Марказӣ, Чин, Русия, Ҳинд ва Туркия фароҳам хоҳад шуд.
Ин пажӯҳишгари рус меафзояд, ки: «Чӣ гунае, ки ин кишварҳо ва ҳамчунин соири аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикори Афғонистон, барои эъломи вазъияти бетарафӣ ва адами иддаоҳои марзӣ дар баробари ҳамсоягони Кобул, ҳимоят кунанд, ин кишвар аз бӯҳрони мавҷуда раҳоӣ хоҳад ёфт, зеро ба таври табиӣ, вазъияти бетарафии Афғонистон, ҳузури ҳар гуна нерӯҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро ғайримумкин мекунад».
Пешниҳоди сафири собиқи Амрико дар Ҳинд барои таҳлили Афғонистон
Дереникян ҳамчунин бо баёни ин ки пешниҳоди сафири собиқи Амрико дар Ҳинд барои тақсими Афғонистон ба ду қисмати Шимолӣ ва Ҷанубӣ, танҳо бо ҳадафи мубҳам нигоҳ доштани баҳси сулҳ ва суббот дар Афғонистон сурат гирифта, афзуд: «Мусаллам аст, ки тақсими Афғонистон ба ду бахш, тадовими ҷанг ва хунрезиро ба ҳамроҳ хоҳад дошт».
Вай идома дод, ки бояд аз ин сафири собиқи Амрико дар Ҳинд пурсид, чаро чунин пешниҳоде ироа дода ва Амрико чӣ суде аз тадовими бесуботӣ дар Афғонистон мебарад? Сипас ҳамаи гурӯҳҳои солими сиёсии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ба посухи ӯ таваҷҷӯҳ кунанд».
Наздикӣ бо Ғарб ҳомии бақои қудратҳои Осиёи Марказӣ нест
Ин пажӯҳишгари рус, возеҳ карда, ки гумон намекунам наздикӣ бо Амрико ва Ғарб барои ҳифзи бақои қудрати мудириятҳои мавҷуди Осиёи Марказӣ таъйинкунанда бошад. Зеро ҳамкорӣ бо Ғарб дар заминаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ амри табиӣ аст ва Русия ҳаргиз бо ин мавзӯъ мухолифат нест, вале сармоягузорӣ ба таври воқеӣ ва ба манзури кӯмак ба иқтисоди ин кишварҳо сурат гирад, имкони тавсеъаи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа фароҳам шавад.
Дереникян дар поён бо ишора ба ин ки ҳамкории Ғарб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ то замоне интизор меравад, ки бар хилофи манофеъи кишварҳои минтақа ва Русия набошад, хотирнишон кард: «Ин бардошт, ки имрӯз Русия аз мавзӯъи заъф бо масоили минтақа бархӯрд мекунад, дуруст нест, балки бояд ташхис кард, ки ҳанӯз чолишҳо ва таҳдидот ба андозае нест, ки ниёз ба вокуниши фаврии Русия дошта бошад».
Хабаргузории «Форс»