12:20:37 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ПОКИСТОН: ГУРӮҲҲОЕ, КИ КАЛАШНИКОВРО ВАСИЛАИ РАСИДАН БА ҲАДАФ МЕДОНАНД

Ба гузориши хабаргузории «Форс», гурӯҳҳои ҷангталаби мазҳабӣ дар Покистон ба таври умда пас аз ишғоли Афғонистон тавассути Шӯравии собиқ дар соли 1979 ба вуҷуд омаданд ва мавриди ҳимояти низомӣ ва молии Созмони иттилоъот (амният)-ии Амрико, Арабистони Саъудӣ ва Покистон қарор гирифтанд.

pakistan_graphic_444.jpgИн гурӯҳҳо фарҳанги Калашников (Kalashinkov)-ро дар кишвари Афғонистону Покистон ривоҷ дода ва ҳамакнун дарҳоли густариш дар ҷомеаи Покистон ҳастанд. Бо ин ки ба дунболи ҳаводиси 11-уми сентябри 2001, женрол (генерал) Мушарраф тасмим ба иттиҳод бо Амрико гирифта буд, зербинои ифротгароии мазҳабӣ, ки тайи муддати се даҳаи  гузашта тавассути дастгоҳи низомӣ ва иттилоъотии Покистон поягузорӣ шуда буд, мунҳадим нагардид, чун онҳо салоҳ медонистанд, ки ҷангҷӯёни мазҳабиро ба унвони абзори сиёсати давлатӣ дар Афғонистону Кашмири ишғолӣ ба кор гиранд.

Гурӯҳи «Толибони Покистон», ки ба таври умда дорои тобеияти покистонӣ ҳастанд, ба дунболи юриши низомии Амрико алайҳи Афғонистон, дар соли 2001 зуҳур кард ва дар ҳоли ҳозир бо нерӯҳои низомии Покистон дар ҳоли ҷанг аст. Аксар раҳбарони ин гурӯҳҳои ҷангталаби мазҳабии Покистон ҷавон ҳастанд ва дигар аз муборизони умдаи афғонӣ, ки самараи юриши низомии Шӯравии собиқ ба Афғонистон буданд, хабаре нест. Онон қабл аз ҳаводиси 11-уми сентябри 2001 аз қудрати зиёде дар Покистон бархӯрдор буданд.

«Ҷунбиши Толибони Покистон» ба раҳбарии Байтуллоҳи Маҳсуд

«Ҷунбиши Толибони Покистон» падидаи ҷадид аст. Ин ҷунбиш дар 12-уми декабри 2007 ҳангоме ба вуҷуд омад, ки Шӯрое шомил аз 40 нафар аз раҳбарони аршади гурӯҳҳои ҷангҷӯ, ки ҳудуди 50 ҳазор марди ҷангӣ дар ихтиёр доштанд, дар Пишовар (-и Покистон) ташкили ин ҷунбишро эълом карданд. Ин шӯро тасмим ба муттаҳид шудан таҳти як парчами воҳид гирифт. Байтуллоҳи Маҳсуд аз минтақаи Вазиристони ҷанубӣ ба унвони раиси ҷунбиши Покистон мансуб шуд, дар ҳоле, ки мавлоно Ҳофиз Гул Баҳодур аз минтақаи Вазиристони шимолӣ  ӯҳдадори самти «ноиби аршади амири» шуд ва мавлоно Фақир Муҳаммад, аз минтақаи Ашоирӣ (қабиланишин) «Баҷовур» ба унвони «ноиби амир» (муовин) мансуб шуд.

Байтуллоҳи Мақсуд 35-сола фармондеҳи як нерӯи шомил 25 то 30 ҳазор ҷангҷӯро ба ӯҳда дорад. Созмониҳои иттилоъотӣ ва расонаҳои Покистон ин гурӯҳро муттаҳам мекунанд, ки бо кумаки молӣ ва низомии созмонҳои иттилоъотии Амрико,  Ҳиндустон, Исроил ва Британия алайҳи артиши Покистон мубориза мекунанд ва масъулияти аксар амалиёти бамбгузории интиҳорӣ (худқурбонӣ)-ро ба ӯҳда мегиранд.

Аъзои «Ҷунбиши Толибони Покистон» паштун(табор) мебошанд ва бо толибони Панҷоб (Лашкари ҷаҳнгӯӣ) робита хеле наздике доранд. Маъмулан пойгоҳҳои ин гурӯҳ дар Вазиристони ҷанубӣ дар маърази  ҳамалоти ҳавоии Амрико қарор намегиранд ва Амрико Толибони афғон, ки дар манотиқи фото (манотиқи қабиланишин) ба вижа дар Вазиристони шимолӣ паноҳанда шудаандро мавриди ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор медиҳад. Зеро Амрико фақат бо гурӯҳҳое мубориза мекунад, ки дар ҳоли муқовамат алайҳи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳастанд.

«Ҷунбиши иҷрои шариъати Муҳаммадӣ» ба раҳбарии мавлоно Суфӣ Муҳаммад

«Ҷунбиши иҷрои шариъати Муҳаммадӣ» ва ё «Ҷунбиши иҷрои қавонини исломӣ» ба раҳбарии  мавлоно Суфӣ Муҳаммад як гурӯҳ «девбандӣ» буда, ки ба суръат дар минтақаи «Молоканд» воқеъ дар иёлати Хайбарпахтунхоҳ (шояд дар асл ноҳия ё минтақа бошад, чун Покистон чор «Субаҳ»-вилоят  дорад, ва ин минтақа дар субаҳ-вилояти Сарҳад ҷойгир аст. А.Н.) ва дар минтақаи ашоирӣ (қабилавӣ)-и «Баҷовур», ки аз манотиқи ашоирӣ таҳти идораи давлати федорал (фото) ба шумор меравад, ба унвони як қудрати мазҳабӣ ва сиёсӣ зуҳур кардааст. Шиъори «Ҷунбиши Шариъати Муҳаммадӣ», ки ба унвони як созмони тарафдори «Толибон» ва «Алқода» шинохта мешавад, тамоми аҳзоби сиёсӣ ва сиёсӣ-мазҳабии Покистонро ба унвони ин далел, ки онҳо аз демократияи ғарбӣ пайравӣ мекунанд ва тарафдори ҷанги мусаллаҳона алайҳи давлати Покистон нестанд, мардуд мешуморад.

Раёсати Толибони «Сувот», ки ҳомии «Ҷунбиши иҷрои шариъати Муҳаммадӣ» астро Мавлоно Фазлуллоҳ, домоди Суфӣ Муҳаммад, ба ӯҳда дорад, ки ҳамакун ба сурати як номи маъруф дар Покистон даромада аст. «Толибони Сувот» ба шиддат дар муқобили артиши Покистон ҳангоме, ки амалиёти низомӣ дар моҳи октябри 2007 ҷиҳати инҳидом (барҳамдодан)-и шабакаи ҷангҷӯён ва нобудсозии зерсохтҳо ва мақарри  ҷунбиши «Иҷрои шариъати Муҳаммадӣ» ва истгоҳи хусусии Радио FM роҳандозӣ кард, муқовамат кард ва дар соли 2009 давлатро маҷбур ба қабули иҷрои қавони исломӣ дар минтақаи Молоканд карданд. Мавлоно Фазлуллоҳ аз нерӯи беш аз панҷ ҳазор нафар ҷангҷӯ дар ноҳия «Сувот» баҳра мегирад ва дар авоили моҳи майи соли 2009 бо артиши Покистон ҷангид, ки боиси овора шудани наздик ба се миллион нафар аз мардум дар «Сувот» ва «Молоканд» шуд.

«Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ» (HUJI) ба раҳбарии қорӣ Сайфуллоҳи Ахтар

«Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ» ба раҳбарии қорӣ Сайфуллоҳи Ахтар, қаблан тавассути «Беназири Буҳуто» дар китоби худ (ки пас аз марги вай интишор ёфта) ба унвони мағзи мутафаккир ҳамлаи интиҳории рӯзи 18-уми октябри 2007 алайҳи корвони истиқболкунанда ба вай (Беназир Буҳуто) дар Карочӣ муттаҳам гардид, як гурӯҳи ҷиҳодии мустаққар дар Покистон мебошад ва дорои тарафдороне дар  Ҳиндустону Багладеш аст. Дар ҳоле, ки аз таърихи дақиқи ташкили гурӯҳи мазбур иттилоъоте дар даст нест, мабдаи он ба ҷанг бо Шӯравӣ дар Афғонистон мерасад.

Гурӯҳи мазбур, ки қаблан «Ҷамъияти ансори Афғон» ном дошт дар поёни ишғоли Афғонистон тавассути Шӯравӣ номи худро ба унвони феълӣ тағйир дод ва роҳбурд(стротегия)-и худро мубориза алайҳи ишғоли Кашмир тавассути артиши Ҳиндустон унвон карда аст. Давлати Ҳиндустон ин гурӯҳро ба даст доштан дар бамбгузориҳое дар шаҳрҳои Ҳиндустон муттаҳам мекунад. Дар  Ҳиндустон ва Бангладеш ин гурӯҳ ба «HUJI» маъруф аст.

Ҷамъияти Алансор ба раҳбарии Мавлоно Фазлурраҳмон Халил

Ҷамъияти Алансор, ки ба унвони танҳо созмони ҷиҳодии Покистон дорои собиқи равобити наздик бо (марҳум) Усома бен Лодан шӯҳрат дорад, тавассути Мавлоно Фазлурраҳмон Халил раҳбарӣ мешавад. Вай барои солҳои тӯлонӣ дар муборизаҳои Афғонистон ва Кашмир таҳти сарпарастии Созмони Иттилоъоти нерӯҳои мусаллаҳи Покистон(ISI) ширкат карда аст. Ин гурӯҳ дар ибтидо бо номи «Ҳаракатул Ансор» роҳандозӣ шуда буд, баъдҳо номи «Ҳаракатулмуҷоҳидин» ба худ  гирифт, чун Амрико ин гурӯҳро дар моҳи Октябри 1997 ба унвони созмони терорристӣ эълом кард. Гурӯҳи мазбур пас аз ин, ки режими генерал Мушарраф «Ҳаракатулмуҷоҳидин»-ро дар моҳи январи 2002, таҳти фишори Амрико мамнуъулфаъолият, эълом кард, муҷаддадан ба унвони «Ҷамъиятул Ансор» номгузорӣ шуд.

«Лашкари Ҷаҳнгӯӣ» ба раҳбарии Муҳаммад Икроми Лоҳурӣ

Ағлаб амалиёти муҳимми терористӣ, ки алайҳи марказҳои ғарбӣ дар Покистон пас аз ҳамалоти терористии 11-уми сентябр 2001 дар Покистон анҷом гирифт, аз сӯи «Лашкари Ҷаҳнгӯӣ», ки як созмони вобаста ба мактаби фикрии «Девбанд» буда, ба амал омада аст. Ин гурӯҳ имрӯз як гурӯҳи ҷангҷӯи сарсахт ва ифротӣ буда, ки ба ҷанг алайҳи шиаъаён ва марказҳои ҶИЭ дар Покистон низ исрор меварзад. «Лашкари Ҷаҳнгӯӣ», ки дар соли 1996 ба унвони гурӯҳи девбандии фирқагаро ва ҷангҷӯ роҳандозӣ шуда буд, имрӯз бо кӯмаки дастаҳои интиҳории худ ба сурати як гурӯҳи терористии хушунатгаро даромадааст.

«Лашкари Ҷаҳнгӯӣ» тавассути як шохаи ҷудо шуда шомили ифротиҳои «Сипоҳи саҳоба» ташкил шуда аст. Шохаи мазбур созмони аслии худ «Сипоҳи саҳоба»-ро ба инҳироф аз ормонҳои мавлоно Ҳаққнавоз Ҷаҳнгӯӣ, раҳбари «Сипоҳи саҳоба», ки дар моҳи феврали 1990 терор шуд, муттаҳам кард. «Лашкари Ҷаҳнгӯӣ» дар воқеъ тавассути Риёз Басра роҳандозӣ шуда буд ва баъдҳо аз сӯи Икром Лоҳурӣ, ки ҳамакнун ба иттиҳоми тероррисм дар Карочӣ зиндонӣ аст, ҷойгузин шуд. «Лашкари Ҷаҳнгӯӣ» аз аъмоли терорристӣ ба унвони роҳбурди худ истифода мекунад то битавонад давлатро водор ба пазириши эътиқодоти фирқагаронаи худ ба унвони усули расмии кишвар намояд.

«Сипоҳи саҳоба» ва «Лашкари Ҷаҳнгӯӣ» шиъаёнро кофир ва қатли онҳоро воҷиб медонанд. Онҳо хостори эъломи Покистон ба унвони кишвари расмии аҳли суннат ҳастанд. Илова бар ҳадаф қарор додани манофеъи амрикоӣ дар Покистон, қурбониёни аслии амалиёти терористии ин гурӯҳ шомили раҳбарон ва фаъолони шиъа, мудирони давлатӣ, афсарони аршади полис ва намозгурони шиъа ва ирониёни муқими Покистон будаанд.

«Ҷайши Муҳаммад» ба раҳбарии Мавлоно Масъуд Азҳар

«Ҷайши Муҳаммад» ва ё артиши «Паёмбари Акрам(с)» яке аз маргбортарин гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Покистон аст, ки зимни фаъолияти худ аз хоки Покистон, ба «ҷиҳод» алайҳи нерӯҳои амниятии  Ҳиндустон дар Ҷому ва Кашмир мубодират меварзанд. Ин гурӯҳ тавассути мавлоно Масъуд Азҳар, бино ба дастури созмони аслии иттилоъоти Покистон дар моҳи феврали 2000, яъне каме пас аз озодии вай аз зиндоне дар Ҳиндустон тайи мубодилаи гаравгонҳои мавҷуд дар дохили як ҳавопаймои мутаъалиқ ба ширкати ҳавоии Ҳиндустон роҳандозӣ шуд.

Ҳавопаймои мазбур тавассути панҷ ҷангҷӯи мусаллаҳи кашмирӣ дар моҳи декабри 1999 рабуда ва ба шаҳри Қандаҳор бурда шуда буд. Мавлоно Азҳар зимни аз сар гирифтани фаъолиятҳои худ дар Покистон тақрибан ҳамзамон бо озодии худ «Ҷайши Муҳаммад»-ро бо ҳадафи мубориза алайҳи нерӯҳои амниятии  Ҳиндустон дар Кашмирро эълом кард. Ин гурӯҳ пайрави мактаби фикрии Девбанд аст. Охирин гузоришот ҳокист, ки мавлоно Азҳар ба дунболи вуқӯъи ҳамалоти терористии рӯзи 26-уми сентябр 2008 дар шаҳри Мумбай (Бамбайи) мақарри худ воқеъ дар минтақаи «Модел таувн»-и (Баҳоулпур)-ро  раҳо сохта ва ба таври муваққат ба пойгоҳи худ дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ интиқол ёфта аст.

«Лашкари Тайиба» ба раҳбари Ҳофиз Муҳаммад Саъид

«Лашкари Тайиба», ки дар соли 1991 тавассути Ҳофиз Муҳаммад Саъид дар вилояти Кунари Афғонистон таъсис шуда, ба хотири ҳамалоти густурда дар Ҷому ва Кашмири  Ҳиндустон маъруф аст ва  ба иллати ҳамалоти интиҳорӣ алайҳи «Қалъаи сурх» (RED FORT) ва сохтмони Парлумони  Ҳиндустон дар Деҳлии нав шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард ва ба унвони яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои ҷангталаб дар хориҷ аз Покистон  фаъолият дорад ва машғули мубориза алайҳи нерӯҳои амниятии  Ҳиндустон дар Кашмир даромада аст.

Ин лашкари маргбори як гурӯҳи ваҳҳобӣ-салафӣ вобаста ба «Аҳли Ҳадис» буда, ки ба унвони шохаи мусаллаҳи Маркази «Даъват вал Иршод» ва ё «Маркази таблиғи мазҳабӣ ва иршод» ташкил шудааст. Гурӯҳи мазбур дар соли 1998 тавассути се донишвари исломӣ яъне, Ҳофиз Муҳаммад Саъид ва Зафар Иқбол аз устодони ришта мутолиъоти исломӣ дар Донишгоҳи муҳандисӣ ва фановарӣ(UET)-и Лоҳур ва Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод, таъсис гардид.

«Лашкари Тайиба» ба дунболи ҳамалоти хунин дар Мумбаи (Бамбайи) дар 26 ноябри 2008, муҷаддадан матраҳ шуд. Лашкари мазбур бори дигар дар ҳамлаи 3-уми марти 2009 алайҳи тими Крикети Сирилонка дар Лоҳур тавассути давлат муқассир шинохта шуд. Ҳофиз Саъид ҳамакнун ба унвони раҳбари «ҷамоъати Аддаъват» фаъолият мекунад ва дар декбри 2008 ба хотири фишори Амрико тавассути давлат дар манзили худ, дар Лоҳур, боздошт шуд ва дар 2-уми июни соли 2009 бо дастури Девони олии иёлати Панҷоб озод шуд. Давлати Ҳиндустон нисбат ба озодии Ҳофиз Саъид ба шиддат эътироз кард.

Ҳизби «Алмуҷоҳидин» ба раҳбарии Саййид Салоҳуддин

Ҳизби «Алмуҷоҳидин» ба унвони  омили аслии ҷангталабии ҷорӣ дар Ҷому ва Кашмир таҳти контроли  Ҳиндустон шинохта  мешавад ва комилан мавриди ҳимояти Созмони иттилоъоти артиши Покиситон аст. Ин гурӯҳ ба раҳбарии Муслим Юсуфшоҳ мулаққаб ба пир Саййид Салоҳуддин, аз сӯи «Ҷамоъати исломии Покистон» раҳнамоӣ мешавад. Ин гурӯҳ комилан вобаста ба «Ҷамоъати исломии Покистон» аст ва фақат алайҳи артиши  Ҳиндустон дар Кашмир амалиёти низомӣ анҷом медиҳад.

Роҳбурди миллии артиши Покистон

Созмони иттилоъотии нерӯҳои мусаллаҳи Покистон дар авоили даҳаи 1990 ҷунбиши Толибонро муташаккил аз туллоби афғонии мадориси динии девбандӣ дар иёлоти Сарҳад ба вуҷуд оварда буд ва ҳадафи он контроли қудрат дар Афғонистон тавассути гурӯҳи комилан таҳти фармони онҳо буд. Пас аз ишғоли низомии Афғонистон аз ҷониби Амрико ва кишварҳои узви Созмони низомии НАТО дар октябри 2001, созмони иттилоъотии артиши Покистон (ISI) ҳанӯз ҳам аз гурӯҳи толибони Афғонистон ва раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон монанди Мавлоно Ҷалолуддин Ҳаққонӣ ва Гулбуддин Ҳикматёр ҳимоят мекунад ва онҳо дар манотиқи таҳти нуфӯзи мавлавӣ Назир дар  Вазиристони ҷанубӣ ва мавлавӣ Гулбаҳодур дар Вазиристони шимолӣ истиқрор доранд.

Мавлавӣ Назир ва мавлавӣ Гулбаҳодур мавриди ҳимояти артиши Покистон ҳастанд ва ҳавопаймои бидуни сарнишини Созмони CIA (СРУ)-и Амрико низ бештар манотиқи таҳти контроли мавлавӣ Назир ва мавлавӣ Гулбаҳодурро мавриди ҳадаф қарор медиҳанд. Артиши Покистон яқин дорад, ки нерӯҳои Амрико ва НАТО Афғонистонро дар ояндаи наздик тахлия(холӣ) хоҳанд кард ва онҳо ин гурӯҳҳои фавқро таҳти ҳимояти худ қарор дода то дар ташкилоти сиёсӣ ва амниятии баъд аз хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон нуфуз дошта бошад, то битавонад Афғонистонро, ки ҳанӯз ҳам аз ин кишвар ба унвони умқи роҳбурдӣ(стротегӣ) (STRATEGIC DEPTH) барои Покистон ёд мекунанд, ҳифз намоянд.

Ҳадафи артиш ва «Созмони иттилоъотии нерӯҳои мусаллаҳи Покистон» ин аст, ки қудратро дар Кобул дар ихтиёри паштунҳои тарафдори худ қарор дошта бошад, то паштунҳои Афғонистон барои илҳоқ (ҳамроҳсози)-и манотиқи паштуннишини Покистон ба Афғонистон иддаъо ва фаъолият надошта бошанд. Давлати Афғонистон хатти марзии худ бо Покистонро то кунун ба расмият шинохта ва ҳамеша иддаъо бар манотиқи паштуннишини Покистон доштааст. Дар даврони муборизаи ихроҷи Шӯравӣ аз Афғонистон(1979-1988) аксар гурӯҳҳои ҷангталаби мазҳабии Покистон бо ҳимояти «Созмони иттилоъоти нерӯҳои мусаллаҳи Покистон» ба вуҷуд омаданд ва баъд аз хурӯҷи Шӯравӣ аз Афғонистон дар сали 1988, артиши Покистон гурӯҳҳои ҷангталаби мазҳабиро дар алайҳи артиши Ҳиндустон дар Кашмир таҳти контроли  Ҳиндустон истифода кард ва боис  шуд, ки аз соли 1989 то кунун беш аз 600 ҳазор нерӯҳои мусаллаҳи  Ҳиндустонро дар дохили Кашмир дар як ҷанги фарсоишӣ машғул нигаҳ доранд ва талафоти ҷонӣ ва молии зиёде ба нерӯҳои мусаллаҳи Ҳиндустон дар Кашмир ворид кунанд.

Аз соли 1955 қудрати аслӣ дар Покистон дар дасти артиш аст ва фармондеҳи артиши Покистонро дар ҳақиқат метавон нафари аввал (De Facto)-и кишвар номид. Роҳбурди аслии артиши Покистон озодӣ ва илҳоқи Кашмири таҳти контроли  Ҳиндустон ба Покистон мебошад ва барои ҳамин манзур ҳам аксарияти мутлақи мардуми Покистон барои ҳосил намудани ин ҳадафи миллӣ, ки «Кашмир ҷузъи Покистон хоҳад буд» бартарӣ ва нуфӯзи артиш дар сарнавишт ва тасмимгирии кишварро пазируфтаанд ва аз ин лиҳоз метавон артиши Покистонро сиёситарин артиши ҷаҳон қаламдод кард. Мутобиқи роҳбурди миллии артиш ва созмони иттилоъотии нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, аз гурӯҳҳои ҷангталаби мазҳабӣ, ки онҳо ба вуҷуд овардаанд, барои дастёбӣ ба аҳдофи фавқ дар Афғонистон ва Кашмир ва идомаи ҷанг пушти парда (Proxy War), дар ин кишвар мавриди истифода қарор хоҳанд дод.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi