10:47:06 24-уми Майи 2025 сол

ОБАМА: «ИНТИЗОР НАДОРЕМ АФҒОНИСТОН СУИС ШАВАД»

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Андру Марр, хабарнигори Бибисӣ гуфтаст дар сурате пайкорҷӯи дигаре монанди Усома бин Лодин дар Покистон ёфт шавад, дастури иҷрои амалиёти мушобеҳеро хоҳад дод. Раиси ҷумҳурии Амрико дар ин мусоҳиба гуфт, ки ба ҳокимияти Покистон эҳтиром мегузорад, аммо иҷоза нахоҳад дод то афроде ба Амрико ва ӯ муттаҳидонаш ҳамла кунанд.

 andrew_marr_and_obama

Оқои Обама гуфтааст, ки музокирот бо Толибон дар ниҳоят барои поён додан ба хушунатҳо дар Афғонистон зарурӣ хоҳад буд, аммо таъкид кард, ки Толибон бояд ба иртиботи худ бо Афлқоъида поён дода хушунатҳоро маҳкум кунад ва ва ба қонуни асоcии Афғонистон эҳтиром бигзорад. Машруҳи ин мусоҳибаро бихонед.

- Оқои раиси ҷумҳур, мешавад баргардем ба он лаҳзаи истисноӣ, чанд ҳафта пеш, вақте бин Лодин кушта шуд, шояд тасмими сахте бароятон набуд на! Чун ба унвони як Амрикоӣ ва на лузуман раиси ҷумҳур, ин достон як буъди шахсӣ ҳам дошт!

- Хуб, бале, агар бо хонаводаҳое, ки азизонашонро дар ҳаводиси ёздаҳуми сенятбр аз даст додаанд, мулоқот карда бошед ... агар ба ин фикр кунед, ки он ҳамалот чӣ зарбаи руҳӣ ба Иёлоти Муттаҳида зад.. ба ин ки чӣ фидокориҳое на танҳо нерӯҳои Амрикоӣ, ки бритониёӣ ва осири кишварҳо дар Афғонистон карданд ... ва ба ин ки решаи ҳамаи ин мушкилот иқдоми ҷунунагези Алқоъида буд ва ба ин ки ҳоло метавонем бо садое маҳкам ва росих бигӯем, ки мағзи мутафаккири он ҳамалот дигар вуҷуд надорад, пас лаҳзаи кушта шудани Усома бин Лодин лаҳзаи бузурге будааст ва онро мешуд дар вокуниши мардуми Амрико дид.

Ва яқинан ин чизе аст ки ман шахсан ҳис кардам. Ман аз амалкарди фавқулъоддаи тими амалиёт ҳам қадрдонӣ мекунам, барои ин ки ҳар вақт шумо нерӯи низомиро чӣ мард бошад, чӣ зан ба амалиёте мефиристед, бузургтарин нигарониатон ин аст, ки солим бармегарданд ё на. Ин ки тими эъзомӣ тавонист маъмурияташро бидуни талафоти ҷонӣ анҷом диҳад, кори бузурге буд.

-Ҳамон тавр ки гуфтед, ин кор қимори бузурге ҳам буд. мумкин буд иштибоҳе пеш биёяд ва афроди тим нерӯҳои Покистонро ҳадаф қарор диҳанд ва дар натиҷа роибтаи пуртаниши Амрико ва Покистон пуртаништар шавад.

-Бале дуруст мегӯед, мо ин кори пурхатар, аммо ҳисобшударо анҷом додем, бахше ба ин далел ки медонистем тими амалиёт аз омодагии комил бархурдор аст. Арзёбиҳои лозим аз минтақаи мавриди назарро анҷом дода будем. Минтақаи ҷудоафтода аз бахши бузурге аз як маҳалла. Медонистем ки мешавад нисбатан сареъ амалиётро анҷом дод. Аммо бидуни шак 40 дақиқа барои ман ва кулли давраи раёсати ҷумҳуриам лаҳзае хос буд.

-Дақиқан ва дуруст, ки ҳадаф ин буд, ки бин Лодинро бикушед ё асир кунед, аммо дар воқеъ дар торикии шаб ва дар миёни рагбори гулӯла эҳтимоли кушта шуданаш хеле бештар буд на?

-Хуб, ҳамон тавр ки гуфтед қарор ин буд: Ё бикушанд, ё асир кунанд. Аммо вақте ки нерӯҳоятонро ба ҷое мисли маҳалли сукунати бин Лодин мефиристед, дар он вақти шаб, суту кӯр, бидуни ин ки бидонанд ҳадафи мавриди назар чӣ силоҳҳое дорад, он вақт бо дар назар гирифтани ҳамаи инҳо дастуруламали шумора як ин буд, ки ҷони худро ҳифз кунед ва маъмуриятатонро анҷом бидиҳед. Онҳо ҳам ба беҳтарин шакл ин корро карданд. Ин ки садамаи зиёде ба хеле аз афроде, ки дохили муҷтамаъи маскунӣ буданд, ворид нашуд, худаш далеле бар ҳирфаӣ будани тими амалиётӣ буд.

-Бин Лодин чӣ кор бояд мекард, ки кушта нашавад?

-Ман намехоҳам вориди ҷузъиёти амалиёт шавам, аммо ин маъмуриятро анҷом додем бо илми ин ки амалиёте фавқулъодда сахт хоҳад буд ва ҳамзамон хеле аз масоил пеши рӯ буд, ки иттилоъе дар бораи он надоштем. Тими амалиётӣ корашро бо ниҳояти диққат анҷом дод. Фармон ин буд, то метавонед аз хисороти куллӣ худдорӣ кунед. Бахше аз далели ки мо ин тимро интихоб кардем, ҳамин буд. Вақте гузориши комили маъмурият ба дастам расид, дидам амалкарди гурӯҳ фавқулъодда буда.

-Шояд барои Амрико хеле сахт мешуд, ки бин Лодинро пайгард ва ӯро муҳокима кунад, он вақт масоили қазоӣ пеш меомад ва ҳаёҳуи вукаломи мудофеъ, бозҷӯиҳо ва масоиле аз ин даст. Кори сахте мешуд на?

-Дағдағаи аслии мо ин набуд

-Баргардем ба худи Покистон? Шумо оё алон медонед, ки мақомҳои Покистон ё бақия чи қадар дар ҷараёни ҳузури бин Лодин дар ин кишвар буданд?

-На, намедонам. Он чи мо медонем ин аст; ҳузури бин Лодин ба муддати 5 ё 6 сол др он ҷо эҳтимолан ниёзманди ҳимоятҳое аз хориҷ аз маҳалли зиндагиаш буда. Ин ҳимояти ғайридавлатӣ буда ё давлатӣ, тавассути шабакае густарда сурат мегирифта ё иддае ҳаводор масоиле ҳастанд, ки ҳанӯз дар ҳоли баррасиашон ҳастем. Ҳамчунин аз мақомҳои Покистон хостаем, ки инҳоро баррасӣ кунанд.

Фикр мекунам мақомҳои Покистон дар ин маврид хеле дилхур шудаанд, ҳоло ин ки касе аз ҳузури бин Лодин дар Покистон хабар надошта ё афроде бохабар будаанд, ба ҳар ҳол фикр мекунам лозим аст дар ин маврид баррасиҳое анҷом диҳанд ва онро ҷиддӣ бигиранд. Мо ҳам дар ин марҳила дорем бо онҳо машварат мекунем, то бубинем чӣ тавр бояд пеш рафт. На танҳо дар мавриди амалиёти Абитобод, балки ҳамчунин дар мавриди равобити дуҷонибаи худамон ва таҳкими он, то хатарҳои теруристӣ ки мутаваҷҷеҳи мо ва Покистон аст, бартараф шавад.

Ин ниёзманди ҳамкорӣ аст ва эътимодсозӣ. Ин ду омил ҳамвора авомили муҳиме дар бархурд бо таҳдидҳои терурристӣ алайҳи Ғарб будаанд. Мо бештар аз ҳар ҷое дигар дар хоки Покистон буда, ки хеле аз теруристҳоро аз пой даровардаем ва ин кор бидуни кумаки Покистон мумкин намешавад. аммо бояд кори бештаре анҷом шавад. Интизори ман ин аст ки дар моҳҳои оянда шоҳиди оғзи равобите коромад ва ҳамоҳангтар бошем.

-Ҳоло агар яке аз шахсиятҳои таҳти таъқиби дигар дар ҳарами болои тасмимгирии Алқоъида монанди мулло Муҳаммад Умар ё ҳар каси дигарро дар Покистон ё дигар кишваре бо ҳокимияти мустақил радашро (пайашро) бигиред боз ҳам чунин коре хоҳед кард?

-Ман ҳамеша ҳарфамро ба равише ба мақомҳои Покистон задаам. Давлати ман ҳам аввалин давлате нест, ки инро мегӯяд. Ин ки кори мо ҳифзи амнияти Амрико аст. Мо барои ҳокимияти Покистон эҳтироми зиёде қоилем, аммо наметавонем иҷоза диҳем касе, ки фаъолона барои куштани Амрикоӣ ва шаҳрвандони муттаҳидони мо тарҳрезӣ мекунад, ба ҳадафашон бирасанд ва мо ҳам даст рӯи даст бигзорем. Умед ва интизори мо ин аст ки битавонем ин хостаро бо риъояти эҳтиром ба Покистон ва ҳаққи ҳокимияташ амалӣ кунем, аммо ҳамон тавр ки дар даврони фаъолиятҳои интихоботӣ гуфтам: агар бин Лодин дами тирам буд...

-Мезадиш...

-Мезадамаш...

-Сад дарсад. Девид Комерун, нахуствазири Бритониё ахиран гуфтааст масъала ин аст ки Покистон дар мавриди бархурд бо террурисм бархурди дугона дорад. Ин ҳарф каме барои оқои Комерун мушкилсоз шуд. Аммо рост мегуфт на?

-Фикр мекунам Девид Комерун мисли ман ба ин нукта расида, ки Покистон хеле даргири масъалаи Ҳинд шудааст. Дар назари Покистон Ҳинд таҳдиде ҷиддӣ аст. Фикр мекунам ин нигариш иштибоҳӣ аст. Ба назари ман барқарории сулҳ миёни Покистон ва Ҳинд хеле ба нафъи Покистон хоҳад буд. Муҷиб мешавад манофеъ ва зарфиятҳои Покистон озод шавад. Ҳамчун Ҳинд нақши бештаре дар тиҷорат ва бозаргонӣ дошта бошад ва талошҳои бештаре дар ин ҳавза анҷом диҳад. диди онҳо ба ин шакл аст, муддатҳо аст ки ин гуна буда. Нигоҳи онҳо ба Афғонистон ва ба манотиқи қабиланишини марзӣ аз ин дидгоҳ аст ки дар рақобаташон бо Ҳинд чӣ таъсире метавонад бигзорад.

-Вале оё ин дидгоҳ воқеъбинона аст?

-Бахши аз коре ки мо дорем анҷом медиҳем ин аст ки бо онҳо дар ин бора суҳбат кунем, ки онҳо чӣ гуна метавонанд рӯйкардашонро тағйир бидиҳанд. Ин ки Покистон мутаваҷҷеҳ шавад, ки бузургтарин таҳдид барои ин кишвар ва суботаш аз дохил аст. ин ки агар мо суроғи ин шабакаҳо наравем, шабакаҳое ки, ки дар садади инфиҷори посгоҳи пулис, аз байн бурдани мардум ва куштани масъулони мунтахаб ҳастанд ва ҳамзамон мақомҳои Покистон таваҷҷуҳе ба ин масъала накунанд, бесуботии азиме кишварро дар бар хоҳад гирифт.

-Вақте баҳси Афғонистон мешавад ба назарам артиши Амрико ва Бритониё мегӯянд бояд ба қудрат ҷилав рафт чун пирӯзӣ бо мост. Хелеҳои дигар, аммо мегӯянд на, на, на. Мо ҳеҷ вақт қодир нахоҳем буд дар Афғонистон кишварсозӣ кунем. Ин ҷо ҳаргиз табдил ба як Суис, мунтаҳо бо манора нахоҳад шуд. Пас бояд нерӯҳоятонро берун бибаред. Назаратон бештар наздик ба кадом дидгоҳ аст?

-Фикр мекунам ман ва Девид Комерун хеле дар ин маврид иттифоқи назар дорем. Ба назарам коре ки мо кардаем ин аст ки аввал қудрати ибтикоррро аз нерӯҳои Толибон гирифтаем. Онҳо замоне ки ҳавоси мо ба ҷанги Ироқ буд, тавонашонро дар Афғонистон мутамаркиз карданд. Бано бар ин мо ҳузури низомии худ дар Афғонистонро афзоиш додем ва ба рӯйкардамон истеҳком бахшидем. Ҳоло Толибон яка хурдаанд, ҳарчанд онҳо ҳанӯз қудраташро дар даст доранд, ки хелеҳоро бикушанд, набард идома дорад.

Мо дар айни ҳол саъй кардем бигӯем бояд ҷанбаҳои ғайринизомии давлати Карзайро тақвият кард то битавонад ба ниёзҳои мардум бирасад. Ин муҳим аст. Чизе ки ман муътақидам ва дар назарам Девид Комерун ҳам ба он сиҳа хоҳад гузошт, ин аст ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ҳақ бо шумо аст. Наметавонем интизор дошта бошем ки Афғонистон, ки яке аз фақиртарин кишварҳо аст, ба якбора соҳиби ниҳодҳое монанди як кишвари пешрафта ва демукротик шавад.

Коре ки метавон анҷом дод ин аст; истифода аз тавони низомӣ барои расидан ба тавофуқҳои сиёсӣ. Ин масъала зомини муҳтарам шумурда шудани қонуни асосии Афғонистон хоҳад буд. Зомини интихоботе озод ва одилона ва ҳуқуқи башар аз ҷумла ҳуқуқи занон. Шояд натиҷа чандон олӣ набошад. аммо фикр мекунам дар тули ин муддати интиқолӣ, ки қаблан дар борааш мувофиқат кардаем, битавонем ба нуқтае бирасем, ки созиши сиёсӣ мумкин шавад. Созише ки ҳам бо арзишҳои мо ва ҳам далели вуруди низомии мо ба Афғонистон ҳамхонӣ дошта бошад.

-Ин яъне гуфтугӯ бо бахшҳое аз Толибон…

-Дар ниҳоят, ин яъне гуфтугӯ бо Толибон. Ҳарчанд мо пешшартҳои ҳар гуна созиши ҷиддиро ба таври мушаххас гуфтаем. Толибон бояд тамомии равобиташ бо Алқоъидаро қатъ кунад, аз хушунат даст бардорад ва ба қонуни асосии Афғонистон эҳтиром бигзорад. Инҳо бархе аз асоситарин пешшартҳо аст.

-Оё бар ин асос бо онҳо вориди гуфтугӯ шудаед? Шахси шуморо намегӯям. Манзурам давлати шумо аст.

-Коре ки мо кардаем ин аст, ки бо тайфи васеъе аз афрод ва гурӯҳҳо дар минтақа вориди гуфтугӯ шудаем. Худи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурӣ, мекӯшад раванди созишеро ба анҷом бирасонад, ки мавриди ҳимояти мо аст. Ӯ як Шурои сулҳ ҳам таъсис карда, ки ба шаклгирии гуфтугӯҳо хеле кумак мекунад. Ин раванди гуфтугӯ дар сутуҳе пойинтар ва бо шуморе аз фармондеҳони Толибон дар ҷараён аст. Афроде ки меоянд ва мегӯянд, ки омодаем силоҳҳоямонро замин бигзорем ва дар раванди сиёсии кишвар нақш дошта бошем.

Ҳамин гуфтугӯ мушаххасан дар сутуҳи болотаре печидатар аст. Дар назари ман масъалаи асосӣ ин аст ки як созиши сиёсӣ сурат бигирад, ҳамон чизе ки мо аз он ҳимоят мекунем. Интизор надорем Афғонистон ба якбора Суис шавад. Аммо дӯст дорем ҳар мусолиҳае сурат мегирад ба шакле бошад, ки аввалан Афғонистон бори дигар ба паноҳгоҳе амн барои теруррисм табдил нашавад. Дувум ин ки ин раванд дар сояи ниҳодҳои иҷтимоъӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар шакл гирифта, ҳифз шавад.

-Дар суханрониатон дар мавриди Ховари Миёна аз бозгашт ба марзҳои 1967 ҳарф задед, ки барои хелеҳо ҷолиб буд. Ин мавзеъи кунунии давлати Амрико аст?

-Он чӣ ки ман гуфтам ба ақидаи бештари касоне, ки таърихи Исроил ва фаластиниёро баррасӣ кардаанд, амре бадеҳӣ аст. Ин ки агар қарор бошад сулҳе даркор бошад, бояд ду кишвари Исроил ва Фаластин дар канори ҳам ташкил шавад.

-Аммо намешавад ки маҷмаъулҷазоире кучак аз сарзаминҳои фаластинӣ (дар дили Исроил) дошт!

-На! Ду кишвар дар канори ҳам! Дар музокироти Исроил ва фаластиниҳо марзҳои соли 1967 нақши асосӣ хоҳад дошт. Қабули ин ки шароит иваз шуда ва бояд бидеҳ бистонҳое дар кор бошад то манофеъи ду тараф таъмин шавад. Ин як тарафи қазия аст. Масъалаи дигар ҳам ки ба ҳамин андоза бахши муҳиме аз суханронии ман буда, ин аст ки Исроил ҳам бояд дар каронаи ғарбии рӯди Урдун хиёлаш аз назари амниятӣ роҳат бошад. Мавзуъи амният барои исроилиҳо мавзуъи муҳиме аст.

Бо таваҷҷуҳ ба он чӣ дар Ғазза иттифоқ уфтода ҳамчунин партоби рокет аз суи Ҳизбуллоҳ, исроилиҳо то эҳсос накунанд, ки метавонанд амнияти сарзаминашонро таъмин кунанд, иқдоме нахоҳанд кард. Бано бар ин ҳарфи мо ин аст.... Биёед гуфтугӯҳоро дар мавриди сарзамин ва амният оғоз кунем, аммо инҳо кулли мушкилро ҳал нахоҳанд кард.

Мавзуъи Байтулмуқаддас ҳанӯз ҳалнашуда боқӣ мемонад, мавзуъи овораҳо ҳам ҳамин тавр. Аммо агар мо дар мавриди оянда ва дурнамои ташкили кишвари мустақили Фаластин ба пешрафтҳое бирасем, он вақт ду тараф ба воқеъият пай мебаранд ва ба ин нукта ки ба ҳар ҳол ҳадафи ниҳоӣ ин хоҳад буд. Он вақт аст ки барояшон осон мешавад, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуд имтиёзҳое аз сари икроҳ ҳам бидиҳанд.

-Ду гурӯҳи Фатҳ ва Ҳамос оштӣ кардаанд. Онҳо дар пойиз ба Созмони Миллали Муттаҳид мераванд. Мехоҳанд расман хостори ба расмият шинохта шудани кишвари Фаластин шаванд. Оё ин кор аз дидгоҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ишколе дорад? Шумо оё аз ин кор дифоъ мекунед ё онро вету хоҳед кард?

-Ман фикр мекунам ба 2 далел ишкол дошта бошад! Аввали ин ки Ҳамос ҳанӯз ҳаққи мавҷудияти Исроилро ба расмият нашинохта, даст аз хушунат барнадошта ва музокироти сулҳро ҳам қабул надорад. аз диди онҳо ин кор масири дурусте барои ҳалли масоил нест. Дар воқеъ барои Исроил хеле сахт аст, ки бигӯяд мехҳем баробари касе қарор бигирем, ки муавҷудияти моро ба расмият намешиносад ва ин масъалае аст, ки фаластиниҳо бояд онро ҳал кунанд.

-Оё шумо ин хости фаластиниҳоро вету мекунед?

-Онҳо бояд ибтидо тасмим бигиранд, ки мавзеъи расмии ташкилоти воҳиди фаластинӣ дар баробари Исроил чӣ хоҳад буд. Барои ин ки агар фаластиниҳо натавонанд бар ин мушкил фоиқ оянд, кор барои музокира сахт хоҳад шуд. Ман ҳамчунин муътақидам тасаввури ин ки чунин масъалае дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳал шавад, воқеъбинона нест. Мо бо сароҳат ба фаластиниҳо гуфтаем ҳар чи ки ин ҷо ба шумо мегӯем ба онҳо ҳам дар ҷаласоти хусусӣ гуфтаем.

Ин ки сарфи назар аз ҳар чӣ дар Созмони Миллал иттифоқ биафтад, шумо барои ин ки сарзамине мустақил дошта бошад, бояд бо исроилиҳо тарафи суҳбат шавед. Масъала ин аст ки фаластиниҳо наметавонанд Исроилро давр бизананд ва ба ҳамин далел аст, ки ҳар талоше дар Созмони Миллал ҷанбаи намодин хоҳад дошт. Аз ин корҳои намодин дар гузашта зиёд дидаем. Иёлоти Муттаҳида чандон аз ин қабил иқдомот истиқбол намекунад. Барои ин ки масоил ва мушкилоти аслӣ фаромуш мешавад. Ин масъала бояд байни ду тараф ҳал шавад.

-Бале, тамомии ин бахш аз дунё, ки дар борааш суҳбат мекунем, ангор ки шуълавар шуд. Эътирозҳое барои мутолибаи ҳуқуқи маданӣ дар даврони имрӯз. Шумо барои ҷавони сурӣ, ки баъд аз намози ҷумъа ба хиёбон меравад ва эътирози ӯ бо ботум посух дода мешавад, чӣ доред бигӯед? Ба онҳое ки тир мехӯранд? Ба унвони пурқудраттарин шахсияти сиёсии дунё паёматон ба ин муътаризон чӣ аст?

-Паёми ман ин аст ки қудрат ва фазилати ахлоқӣ ва равишҳое бехушунат дар ҳамин Амрико нишон дода шуда. Девори Берлин фурӯ рехт, на ба ин далел ки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ва Олмони Шарқӣ дар пайи ҳамлаи низомӣ сарнагун шуданд, балки ба ин далел ки мардум ба нуқтае расиданд, ки эҳсос карданд хаста шудаанд. Онҳо зиндагие мехостанд, ки дар он фурсат ва ирода нақш дошта бошанд. Чизе ки ҳамин алон дар Ховари Миёна шоҳидаш ҳастем, чизе ки дар Миср дидаем, дар Тунис дидем, фавқулъодда аст. Вақте шаҳомати мардумиро мебинед, ки барои расидан ба хостаашон ба муқобала бо ботум ва гулӯла мераванд.

Ҳадафи ман аз суханронӣ дар мавриди Ховари Миёна бахше ин буд, ки бигӯям Амрико дар канори мардуме аст, ки аз тариқи равишҳои ғайрихушунатомез ба дунболи зиндагии беҳтаре барои худ ва хонаводаашон ҳастанд. Ман дар суханонам гуфтам, ки вақте рӯзҳои оғозини эътирозот ба поён мерасад ва давраи интиқолӣ оғоз мешавад, вориди арсаи сиёсӣ мешаванд, даврони ошуфта ва сахте хоҳад буд. Он ҷо аст ки ниёз ба ташкили ниҳодҳое барои эҳтиром ба ҳуқуқи ақаллиятҳо эҳсос мешавад.

Ниёз ба ин ки итминон ҳосил кунед интихоботе солим ва одилона баргузор хоҳад шуд. Қабули ин ки ниёз аст байни фирқаҳо ва қавмиятҳои мухталиф созиш ва ё муровада барқарор шавад. Он чи дар Ховари Миёна дар ҳоли шаклгирӣ аст ҳамон даргириҳое сиёсӣ аст, ки мо ин ҷо дар Ғарб бо он ошно ҳастем. Амрико ҳомии ҳаракатҳои мардумӣ хоҳад буд, аммо то замоне ки муътаризон ба ин асл пойбанд бошанд, ки тағйироте, ки мадди назари онҳо аст, бо хушунат ҳал намешавад.

-Хабари кушта шудани бин Лодин фурсатеро бароятон фароҳам овард. Мехоҳам бидонам чӣ гуна аз ин фурсат барои масрафи дохилӣ истифода кунед? Мушкилоти дохилии шумо кам нест. Дар интихоботи кунгре даврони сахтеро таҷриба кардед. Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳуриатон ҳам дар роҳ аст.

-Росташ дағдағаи ҳаррӯзаи ман иқтисоди Амрико аст ва итминон ҳосил кардан аз ин ки оё ин иқтисод рушд мекунад ё на. Ҳамин тавр дар мавриди иқтисоди ҷаҳон. Дағдағаи ин ки афроди бекор оё метавонанд кор пайдо кунанд, ки ҳазинаи зиндагӣ ва хурду хуроки хонаводаашонро таъмин кунанд ё на.

Хеле мавоқеъ бо худ мегӯям чӣ гуна метавон коре кард, ки то ин шиъори маъруф "руъёи Амрикоӣ" дар зиндагии мардуми оддӣ таҳаққуқ пайдо кунад ё на. Ба ҳамин хотир аст, ки мо ба амалкардамон дар қиболи масъалаи бин Лодин ифтихор мекунем. Ба рӯйкардамон дар масоили амниятӣ. Аммо он чизе ки барои хонаводаи Амрикоӣ дар ҷоҳои мухталифи ин кишвар аз Туледу гирифта то Уҳою ва Флуридо муҳим аст...

-Иқтисод аст…

-Бале ба ҳамин далел аст ки бояд ба иқтисод авлавият диҳем.

-Алон ки ба гузашта нигоҳ мекунед, ба рӯзҳои фаъолияти интихоботӣ ва он шӯру ҳаяҷон ва умед ва шиъори "Бале мо метавонем", Обамаи имрӯз дӯст дорад чӣ ба Обамаи он рӯзҳо бигӯяд? Одами хубе будед? Зиндагӣ бо вуруд ба Кохи Сафед сахттар мешавад?

-Бубинед, байни Обамае, ки кондидои раёсати ҷумҳурӣ буда ва ин Барак Обамае, ки алон рӯбарӯи шумо нишаста фарқе нест. Коре ки ман анҷом додам ишора ба уфқ ва дурнамое буда, ки бояд бирасем. Шаби интихобот гуфтам... Роҳи сахте пеши рӯи мо аст. Шояд беш аз як сол ниёз бошад, шояд ҳатто беш аз як давраи раёсати ҷумҳурӣ то масири ҳаракати кишварро ба самте барад, ки ваъдаҳоямонро амалӣ кунем, аммо ...

-Хаёли раиси ҷумҳури шудан барои бори дувумро ҳам дар сар доред?

-То ин ҷои роҳ фавқулъодда амал кардаем, масалан низоми беҳдошти ҳамагонӣ, ки шумо бритониёиҳо онро бадеҳӣ фарз мекунед. Низоме, ки зомини саломатии шумо аст. Мо лоиҳаашро додем, ҳоло дорад қонун мешавад. Иқтисодамонро аз хатаре монанди рукуди бузург наҷот додем ва дӯшодӯши Бритониё нақши умдае дар наҷоти низоми молии дунё доштем.

Интимон ҳосил кардем ки донишҷӯён битавонанд вом бигиранд ва ба донишгоҳ бираванд. Дар энержиҳои пок сармоягузорӣ кардем. Хеле аз дастовардҳое, ки мояи ифтихори ман аст. Корҳое ҳам нотамом монда. Қавонини муҳоҷиратии мо мушкил дорад. Дар заминаи сиёсатгузории энержӣ кори зиёде дар пеш аст. Хеле аз ин маворид дар назарам аст, ки шояд зеҳнамро то чанд соли дигар ҳам машғул кунад.

-Шумо ба зудӣ ба Бритониё сафар мекунед. Меҳмони маликаи Бритониё дар кохи Бокингҳом хоҳед буд. Хелеҳо дафъаи гузашта, ки ин ҷо омада будед, бо худ гуфтанд шумо ва ҳамсаратон Мишел ба назари хеле бо малика ва дуки Эдинбург роитаи дӯстона доред.

-Онҳо инсонҳои фавқулъодда меҳрубон ва дӯстдоштанӣ ҳастанд. Хеле ба мо муҳаббат карданд. Ман бори аввале, ки ба Инглистон омадам, бо ҳама аъзои хонаводаи салтанатӣ дидор кардам. Дақиқан се сол пеш буд. Мишел ва ду духтарам дубора ба Ландан рафтанд ва боздиди кохи Бокингҳом. Малика Элизобет хеле ба фарзандонам ибрози лутф кард. Ба назарам ӯ на фақат барои Бритониёи Кабир ва кишварҳои муштаракулманофеъ, ки шояд тамоми ҷаҳон намоде аз беҳтарин вижагирҳои Инглистон аст ва мо хеле ба ӯ ифтихор мекунем.

-Девид Комерун, нахуствазир ҳар ҳафта бо малика Элизобет мулоқот дорад. Фикр мекунам аввалин раиси ҷумҳури Амрико, ки ба ёд дорад Трумен бошад, баъд аз он Ойзанҳовар ва бақия .... гуфтугӯи комилан шахсӣ бо ӯ хоҳед дошт, на коғаз қаламе ҳаст на микруфуне, дӯст доштед каме метавонистед бо ӯ бигӯеду бихандед?

-Албатта фикр намекунам ҳеҷ кас бо Элизобети дувум, маликаи Бритониё бигӯ биханд кунад.

-Шояд на...

-Яке аз вихагиҳои кори мо ин аст ки ба мо имкон медиҳад бо мардум аз ҳар табақае аз иҷтимоъ бархурд кунем, як рӯз фурсат даст медиҳад, ки бо маликаи Бритониё ҳарф бизанем, рӯзи дигар бо касе, ки омада туи кофа канори бузургроҳе дар ҳамин Амрико шом бихурем. Масъала ин аст, ки агар маҳалли гӯш кардан бошад, хеле чизҳо барои шунидан ҳаст. Фикр мекунам бештари сиёсатмадорҳо ба ҷои ин ки гӯш кунанд ҳарф мезананд. Ман саъй мекунам ин тавр набошам.

-Аз гуфтугӯ бо шумо хеле лаззат бурдам, оқои раиси ҷумҳур, хеле мамнунам.

-Мамнун аз шумо, ман ҳам лаззат бурдам.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ