ХОМЕНАӢ БА АҲМАДИНАЖОД: "Ё ҲАРФАМРО БИПАЗИР Ё БУРӮ!"
Рӯзе, ки Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими танфизи ҳукми (нишастан бар тахти) раёсати ҷумҳурияш дар соли 1384 хуршедӣ бар дастони Оятуллоҳ Алии Хоменаӣ бӯса мезад, камтар касе пешбинӣ мекард, ки кори ӯ рӯзе ба ҷойе бирасад, ки акнун расидааст.
Муртазо Оқо Теҳронӣ, раиси фроксиюни ҳаводорони давлат дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, мегӯяд, ки раҳбари Эрон барои оқои Аҳмадинажод мӯҳлат таъйин кардааст, то ибқои (боқӣ мондани) Ҳайдар Муслеҳиро дар симати вазири иттилоъот (амният) бипазирад, ё аз симати худ канорагирӣ кунад.
Аз вақоеъи ду ҳафтаи гузашта ва изҳороти усулгароёни мунтақиди давлат чунин бармеояд, ки оқои Аҳмадинажод ба ин натиҷа расида буд, ки оқои Муслеҳӣ дар зумраи касонест, ки мехоҳанд аз тасхири маҷлиси оянда тавассути ҳаводорони оқои Аҳмадинажод ҷилавгирӣ кунанд.
Ба ҳамин далел, вай тасмим гирифт, ки оқои Муслеҳиро канор бигзорад ва худ сарпарастии вазорати иттилоъотро ба ӯҳда бигирад, то битавонад заминаро барои пирӯзии ҳаводоронаш дар интихоботи ояндаи порлумонӣ омода кунад.
Аммо оқои Хоменаӣ ва наздиконаш басароҳат бо ин тағйир мухолифат карданд, шояд ба ин далел ки моил нестанд маҷлис ба дасти ёрони оқои Аҳмадинажод биюфтад, зеро онро муқаддимае барои пирӯзии онон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда талаққӣ мекунанд.
Боқӣ мондани қувваи муҷрия (иҷроия) дар дасти як тифи (гурӯҳи) сиёсӣ барои муддате беш аз ҳашт сол метавонад барои он тиф ҳувияте мустаҳкам ва комилан мустақил аз раҳбарӣ фароҳам кунад, ки Оятуллоҳ Хоменаӣ тамоюле ба он надорад.
Равиши ӯ ва наздиконаш дар маҳор (камранг кардан)-и қудрати сиёсии руасои ҷумҳурӣ ҳамвора фишор овардан бар атрофиёни онҳо, бавижа дар солҳои охири давраи дувуми раёсати ҷумҳурӣ, будааст.
Ин равиш ҳам дар давраи раёсати ҷумҳурии Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва ҳам дар давраи раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ ба кор рафта ва боъиси шикасти барномаи "Таъдили иқтисодӣ"-и давлати оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва тарҳи "Ислоҳоти сиёсӣ"-и давлати оқои Хотамӣ шудааст.
Акнун навбат ба оқои Аҳмадинажод расида ва ӯ дар нуқтае қарор гирифтааст, ки бояд миёни се роҳ якеро интихоб кунад: 1) бимонад ва ба шере беёлу дум ва ишкам бадал шавад, ки танҳо дағдағааш ба поён расондани давраи чаҳорсолаи раёсати ҷумҳурист, 2) бимонад, вале дар баробари хости раҳбари Эрон муқовимат кунад, 3) аз симати худ канора бигирад ва бо авоқиби ғайри қобили пешбинии он рӯбарӯ шавад.
Ба назар мерасад, ки ҳатто агар раиси ҷумҳурии Эрон ибқои оқои Муслеҳиро бипазирад, ҳамалоти тарафи муқобил ба ёрони наздики ӯ, бавижа Исфандиёр Раҳим Машоӣ, мутаваққиф нахоҳад шуд ва ин ҳамалот ӯро дар мавқеъияте бағоят душвор қарор хоҳад дод.
Зоҳиран, ҳадафи умдаи ин ҳамалот мамонеъат аз амалӣ шудани барномаҳои интихоботии ҳаводорони оқои Аҳмадинажод аст, ки аз нигоҳи руқабои ӯ муҳиммтар аз он аст, ки қобили чашмпӯшӣ бошад.
Бо таваҷҷӯҳ ба шиддати пофишории раиси ҷумҳурии Эрон бар ҳимоят аз оқои Раҳим Машоӣ ва ақидаи росихе, ки гуфта мешавад, оқои Аҳмадинажод ба раҳнамудҳои мовароуттабиъии ӯ дорад, бархӯрди қаҳромез бо оқои Раҳим Машоӣ ба маънои "эълони ҷанг" ба оқои Аҳмадинажод хоҳад буд.
Дар чунин ҳолате, сукути оқои Аҳмадинажод дар баробари ҳазфи (дур андохтани) оқои Раҳим Машоӣ ба маънои масхи ҳувияти (иваз шудани чеҳраи) ӯст ва ин пурсишро матраҳ мекунад, ки оё Маҳмуди Аҳмадинажод ҳозир аст ба чунин вазъияте тан диҳад?
Зимнан, ба бовари бархе аз таҳлилгарон, шиъори "ислом бидуни рӯҳоният"-и оқои Раҳим Машоӣ таҳдиде барои дастгоҳи раҳбарии Ҷумҳурии Исломӣ ва худи Оятуллоҳ Хоменаӣ маҳсуб мешавад, ки тамомии умури зиндагии эрониёнро таҳти кунтрул дорад.
Мумкин аст оқои Аҳмадинажод ба ин натиҷа бирасад, ки "ҷанг"-ро ҳамакнун оғоз кунад. Ӯ барои ин кор бояд дар симати худ бимонад ва дар айни ҳол дар баробари хостаи оқои Хоменаӣ муқовимат кунад.
Дар ин сурат, бояд дид, ки ӯ чи аҳрумҳое (василаҳои фишор) дар ихтиёр дорад. Мунтақидони оқои Аҳмадинажод мегӯянд, ки наздикони ӯ ба фарохондани ҳаводоронашон ба хиёбонҳо дар ҳимоят аз давлат фикр мекунанд.
Масалан, сойти Аммориюн, ки ба нерӯҳои мазҳабии мавсум ба Ҳизбуллоҳ наздик аст, навиштааст, ки ҳаводорони оқои Машоӣ қасд доранд ба баҳонаи азодории Фотимия (маросими рӯзи шаҳодати Фотимаи Заҳро) дар маҳаллаи Мунирияи Теҳрон таҷаммӯъ ва "иқдом ба ҳаёҳӯ" кунанд.
Ё дар номае, ки чанд рӯз пеш гуфта мешуд наздикони оқои Аҳмадинажод дар ҳимоят аз ӯ навиштаанд ва имзои теъдоде аз устондоронро ҳам барои он гирифтаанд, ҳушдор дода шуда буд, ки бархӯрд бо оқои Аҳмадинажод "мунҷар ба норизоятии якояки мардум дар саросари кишвар" хоҳад шуд.
Яке аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар яке аз ҷаласоти ошкори рӯзҳои ахир ба ин нома ишора кард, тасвири он дар баъзе сойтҳои интернетӣ мунташир шуд ва иваз шудани фармондори Шероз ҳам ба ифшои ҳамин нома марбут дониста шуд.
Мунтақидони оқои Аҳмадинажод ҳам дар суханони рӯзҳои ахири худ борҳо ӯро аз дучор шудан ба сарнавишти Абулҳасани Банӣ Садр барҳазар доштаанд ва ба ӯ ҳушдор додаанд, ки фиреби "бешумор" будани ҳаводорони худро нахӯрад, чаро ки "маҳбубияти" ӯ танҳо ба ҳимояти Оятуллоҳ Хоменаӣ бастагӣ дораду бас.
Баъзе аз таҳлилгарон ҳам аз "нуфузи" оқои Аҳмадинажод дар бахшҳое аз Сипоҳи Посдорон ва эҳтимоли "кудето" тавассути ӯ ва наздиконаш сухан мегӯянд, аммо ба назар мерасад, ки изҳороти чанд рӯзи ахири фармондеҳони Сипоҳ хилофи ин иддаъоро собит мекунад.
Интиқодоти бесобиқаи баъзе аз пурнуфузтарин ҳомиёни пешини оқои Аҳмадинажод, аз ҷумла Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, ки миёни аъзои Сипоҳ нуфузи фаровон дорад, низ нодақиқ будани ин таҳлилро то ҳудуди зиёде ошкор кардааст.
Мусаллам ин аст, ки оқои Аҳмадинажод бахши аъзами ҳомиёни худро дар миёни чеҳраҳои ҳукуматӣ аз даст дода, аммо оё талаққии ӯ ва наздиконаш аз мизони маҳбубияте, ки дар миёни тӯдаи мардум доранд, талаққии дурусте аст? Ва оё ҳаводорони оқои Аҳмадинажод омодаи пардохти ҳазина барои ӯ ва рӯёрӯ шудан бо ҳаводорони раҳбарӣ ҳастанд?
Севумин гузинаи пеши рӯйи оқои Аҳмадинажод истеъфо аст. Ин гузина мумкин аст аз ду гузинаи дигар камҳазинатар бошад, ба шарте ки ғазаби раҳбари Эрон аз муқовимати ғайримунтазираи оқои Аҳмадинажод фурӯ биншинад ва бо канорагирӣ ва гӯшанишинии камсарусадои ӯ мувофиқат кунад.
Оқои Аҳмадинажод ҳатто шояд битавонад аз ин тариқ атрофиёни худро ҳам то ҳудуде аз хатари бархӯрдҳои амниятӣ наҷот диҳад. Аз тарафи дигар, бори эътирозии истеъфо кардан дар ҳукуматҳое, монанди Ҷумҳурии Исломӣ, маъмулан пурранг аст ва ин амр баррасии мавзӯъро барои оқои Аҳмадинажод аз ду ҷанба печидатар мекунад.
Як бӯъди моҷаро ин аст, ки ҳар гуна ишора ё таъкиде бар ҷанбаи эътироз ва қаҳри чунин истеъфое метавонад шонси гӯшанишинии бесарусадои оқои Аҳмадинажод ва наздикони ӯро аз миён бибарад. Аммо ҷанбаи дигари моҷаро ин аст, ки аз нигоҳи оқои Аҳмадинажод ва наздикони ӯ, шояд ҳеч чиз беҳтар аз истеъфо натавонад ҳаводорони онҳоро ба нишон додани ошкорои норизоятӣ ташвиқ кунад ва рақибонро таҳти фишор бигзорад.
Оқои Аҳмадинажод ба доштани тамоюл барои анҷоми корҳои пурсарусадо ва қарор гирифтан дар садри хабарҳо шӯҳрат пайдо кардааст. Оё ӯ нахустин раиси ҷумҳурии Эрон хоҳад буд, ки аз симати худ истеъфо медиҳад?
Умеди Порсонажод, Би-Би-Си