ДИПЛОМАТИ РУС ХАБАРИ КУШТА ШУДАНИ БЕН ЛАДЕНРО РАД МЕКУНАД
Усома намурдааст?
Субҳи дирӯз президенти Амрико, Борак Обама, дар як изҳороти расмӣ аз кушта шудани раҳбари маънавии шабакаи «Ал-қоида», Усома бен Лодан, тавассути нерӯҳои командуи Амрикоӣ, дар 56 киломтерии ҷанубу шарқи Исломободи Покистон, дар шаҳри Ибитобод, хабар дод.
Баъд аз ин изҳороти Обама хабари марги Бен Лодан дар сархати хабаргузориҳои ҷаҳон қарор гирифт, аммо "Аргументы.ру" марги Бен Лоданро зери суол бурда, вуҷуди Бен Лоданро дар Бадахшони кӯҳии Тоҷикистон медонад. Ба иттилоъи "Аргументы.ру", як манбаъи димломатии Русияи дар умури ҳарбӣ, ба далели инки натиҷаи ташхиси генетикии Бен Лодан ба онҳо дода нашудааст, хабари кушта шудани ӯро рад мекунад ва ба бовари вай эҳтимол Бен Лодан то ҳол зиндаасту вай намурда аст.
Ин манбаъи диgломатии Русия дар умури ҳарбӣ, мегӯяд: «Мо то гирифтани ташхиси генетикии Бен Лодан дар бораи хабари марги ӯ чизе гуфта наметавонем. Ба муроҷиати ВКХ-и Русия нигоҳ накарда, бюрои Русиягии Интерпол дар Маскав то ҳол натиҷаи ташхиси генетикии ӯро пешниҳод накардааст».
Ба иттилои намояндаи Русия дар Кобул, давлати Ҳомид Карзай бовар надорад, ки дар амалиёти ҳавоӣ танҳо Бен Лодан кушта шуда бошад. «Ман фикр мекунам, ки ба наздикӣ хабари зинда ва саломат будани Бен лодан тариқи Интернет пахш мегардад. Ба иттилои мо, ба хусус Бен Лондан, алҳол дар Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон ба сар мебарад».
Усома кист?
Ба иттилои хабаргузории «Форс», Усома бен Муҳаммад бен Аввод бен Лодан, дар соли 1957 дар наздикии Риёз-пойтахати Арабистони Сауудӣ дида ба ҷаҳон кушод. Усома ҳафдаҳумин писар аз 54 фарзанди Шайх Муҳаммад бен Лодан аст. Падараш аҳли Ҳазрамавти Яман ва модараш аҳли Сурия буд ва Усома танҳо писари ин модар, кӯчактарин писари хонадони Бен Лодан аст.
Даврони кӯдакии Усома дар Мадинаи мунаввара сипарӣ шуд, аммо пас аз муддате хонаводааш ба Ҷадда рафтанд ва таҳсилоташро дар он шаҳр идома дод, то ин ки тавонист дар соли 1979 дар риштаи иқтисод ва мудирияти давлатӣ, аз донишгоҳи Малик Абдулазиз фориғуттаҳсил шавад.
Аввалин пайванди Усома бо гурӯҳҳои усулгарои исломӣ ба соли 1973 бармегардад. Ин гурӯҳҳоро ҳамкурсон ва ҳамдонишгоҳиҳои вобаста ба созмони «Ихвонулмуслимин» ташкил медоданд. Ӯ дар ҳамин даврон аст, ки бо «Ҷамоати исломӣ» ошно мешавад…
Усома, баъди ҳуҷуми иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон дар 27-декабри соли 1979 бори нахуст ба ду тан аз муҷоҳидони Афғон Бурҳониддини Раббонӣ ва Сайёф вохӯрдааст ва баъд аз чанд рӯзи дигар мулоқоти ӯ бо шаҳид Абдуллоҳи Аззом низ сурат гирифт ва робитаи ӯ бо ҷиҳодиёни афғон аз ҳамон лаҳза оғоз шуд...
Дар баробари марди сангар будан Усома ба адабиёт низ шуғл дошт. Дар соли 2009, дар Ғарб «Девони ашъораш» бо тарҷимаи забони англисӣ рӯи чоп омад ва он яке аз пурфурӯштарин китобҳои сол буд. Бар илова Усомаро тавонмандтарин шоири арабтабори асри бистуяк низ гуфтаанд…
Вокунишҳо ба кушта шудани Усома
Кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо вокуниш ба кушта шудани саркардаи «Ал-Қоида» эълом карданд, ки марги вай оғозе бар поёни террори ҷаҳон аст. Раҳбари «Ал-қоида» ва тарроҳи ҳамалоти 11 сентиябри 2001 саранҷом шаби гузашта дар як амалиёти 40 дақиқаие дар Покистон кушта шуд. Вай дар ҷарёни ин амалиёт, ки бо фармондеҳии Амрико ва бо кӯмаки нерӯҳои иттилоотии Покистон сурат гирифт, бо тирандозии мустақим бар сараш тир хӯрда ба қатл расид.
Хабари кушта шудани вай ҳамчунон дар садри ахбори ҷаҳон қарор дорад ва вокуниши мақомоти кишварҳои мухталиф ҷаҳонро дар пай доштааст.
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон дар ин робита изҳор дошт: «Бен Лодан баҳои аъмоли худро пардохт кард ва ман умедворам, ки марги вай ба террорисм дар ҷаҳон поён диҳад». Вай дар идома гуфт, ки гурӯҳи террористии Толибон бояд аз марги Бен Лодин дарси ибрат бигирад.
Карзай бо ишора ба кушта шудани Усома бен Лодан дар хоки Покистон, гуфтааст, ки ин воқеа назари эъломшудаи давлати Афғонистонро собит мекунад, ки пойгоҳи терроризм дар берун аз хоки Афғонистон мавқеият дорад ва ҷанг алайҳи терроризм низ бояд дар хориҷ аз хоки Афғонистон дунбол шавад.
Ташкилоти худгардони Фаластин низ эълом кард, ки раҳоӣ аз Бен Лодан барои барқарории сулҳ дар сартосари ҷаҳон самарабахш аст. Вазири хориҷаи Суид низ зимни истиқбол аз кушта шудани Бен Лодан изҳор доштааст: «Пас аз марги Бен Лодан дунё ҷои беҳтаре хоҳад буд ва танаффури вай таҳдиде барои мо буд».
Вазорати хориҷаи Покистон низ кушта шудани саркардаи «Ал-қоида»-ро таъйид кард. Мақомоти ин кишвар дар вокуниш ба қатли Усома бен Лодан эълом карданд, ки кушта шудани вай зарбае барои гурӯҳҳои террористии ҷаҳон буд. Вазорати хориҷаи Покистон дар ин робита гуфт, ки марги вай шикасти бузурге барои террористҳо дар ҷаҳон буд.
Бенёмин Натанёҳу нахуствазири режими саҳюунистӣ низ дар талош барои сарпӯш гузоштан бар ҷиноятҳои ин режими худ ҳамвораи ҳомии террорисм аст, гуфт: "Кушта шудани Бен Лодан як пирӯзӣ барои кишварҳои демократӣ ва дар ҳоли мубориза бо террорисм маҳсуб мешавад".
Вотекан низ зимни истиқбол аз марги Бен Лодан эълом кард, ки Бен Лодан масъули аслии афзоиши танаффур дар ҷаҳон буд. Анҷело Маркел, Садраъзами Олмон низ изҳор дошт: «Марги Бен Лодан пирӯзии нерӯҳои сулҳ буд, аммо ин ба маънои поёни ифротигарӣ нест ва мо бояд ҳамчунон ҳушёр бошем».
Як масъули Яман низ аз кушта шудани Бен Лодан истиқбол ва эълом кард, ки марги вай оғозе бар поёни террор буд. Ҳамчунин ҳалокати Бен Лодан шодӣ ва сурури ниҳодҳои исломии Амрикоро низ дар пай дошт.
Таҳдиди гурӯҳҳои ҷиҳодӣ
Ба гузориши шабакаи иттилоотии «Алҷазира» бо паҳн гардидани хабари марги Бен Лодан гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ба вижа Толибони Покистон ва шабакаи ҷавонони муҷоҳиди Сумол ва дигарон низ дар манотиқи гуногуни ҷаҳон нороҳат шуда, зимни як баёния гуфтаанд, ки аз Худо масъалат мекунем, ки ин хабар сиҳҳат надошта бошаду «Худо Обамаро лаънат кунад».
Воқеан агар Усома дар Ибитободи Покистон кушта шуда бошад, умедворем, ки Худованд ҷоми шаҳодатро насибаш кардаасту мурдан амри ҳақ аст. Ҳамаи мо низ дер ё зуд лаззати маргро мечашем, вале дар куҷо ва дар кадом ҳолат? Бо ин вуҷуд Ғарб ва ҳаммаслаконаш бояд бидонанд, ки бо кушта шудани Усома мактаби вай барҳам нахӯрдааст ва мо низ ба наздикӣ барои хуни ӯ интиқом хоҳем гирифт…
Ҷасади Усома ба Багром..
Ба иттилои Форс, дар Исломобод, Комронхон, таҳлилгар ва мудири барномаи «Имрӯз бо Комронхон»-и телевизиони машҳури «ҶИЮ» аз интиқоли ҷасади раҳбари шабакаи «Ал-Қоида» ба Афғонистон хабар дод. Бен Лодан шаби гузашта дар амалиёти нерӯҳои вижаи а мрикоӣ «Команду» дар шаҳри Ибитободи воқеъ дар 56 киломтерии ҷанубу шарқи Исломободи Покистон кушта шуд.
Ба ҷои хулоса
Кушта шудани Бен Лодан поёни филми бисёрсериягии Ғарб буд. Саҳнаҳои гуногуни ин филм ҳокӣ аз он буданд, ки дар ҳама ҳол мардуми мустазъафи мусалмон зери шинкаҷаи ғарбиён қарор доштанду ғарбиҳо нафт ва дигар сарватҳои онҳоро ғорат мекарданду боқимандаро ба оташ мекашиданд...
Аммо суол ин аст, ки баъд аз ғорати нафти Ироқ, барҳаму дарҳам кашидани сарвати Афғонистон ва нооромиҳо дар дигар кишварҳои исломӣ, бо кушта шудани «душмани рақами як»-и Амрико, Усома бен Лодан, Амрико боз киро «душмани рақами яки худ-демократия» қарор медиҳад ва боз ба ғорати кадом кишвар даст дароз мекунад?
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Шарҳҳо
Аммо суол ин аст, ки баъд аз ғорати нафти Ироқ, барҳаму дарҳам кашидани сарвати Афғонистон ва нооромиҳо дар дигар кишварҳои исломӣ, бо кушта шудани «душмани рақами як»-и Амрико, Усома бен Лодан, Амрико боз киро «душмани рақами яки худ-демократия» қарор медиҳад ва боз ба ғорати кадом кишвар даст дароз мекунад?
RSS Обуна