00:22:40 02-уми Июли 2025 сол

ҲАМЛАИ БУМБГУЗОРОНИ ИНТИҲОРӢ БА НИЗОМИЁНИ АФҒОН

Дар асари ҳамалоти ду гурӯҳ аз бумбгузорони интиҳорӣ ба аҳдофе дар шаҳрҳои Кобул ва Қундуз дар шимоли Афғонистон ҳадди ақал сездаҳ нафар аз маъмурони амниятии ин кишвар кушта шуданд. Гузориш шудааст, ки дар ин хушунатҳо панҷ нафар бумбгузорони интиҳорӣ низ аз суи нирӯҳои амниятӣ аз по даромадаанд.

 

afghan_attackЧаҳор муҳоҷими интиҳорӣ ба як маркази ҷалбу ҷазби артиш дар шаҳри Қундуз ҳамла карданд ва ҳамзамон се бумбгузори интиҳории дигар як худрави ҳомили низомиёни афғонро дар шарқи шаҳри Кобул ҳадаф қарор доданд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ин ҳамалотро, ки гурӯҳи Толибон масъулияти онро бар уҳда гирифтанд, маҳкум кардааст. Дар шаҳри Қундуз афроде, ки ба гузориши бархе хабаргузориҳо либоси низомии афғонро ба тан доштанд, як маркази ҷалбу ҷазби артишро ҳадаф қарор дода бо сарбозони афғон даргир шуданд.

 

Бар асоси гузориши мақомоти маҳаллӣ се нафар аз ин муҳоҷимон дар оғоз кушта шуданд, аммо фарди чаҳорумӣ бо вуруд ба дохили маркази артиш ба рӯёрӯии мусаллаҳона бо пулис пардохт. Мақомот мегӯянд дар асари хушунатҳо панҷ сарбози артиш ва се тан аз маъмурони пулиси афғон кушта ва ҳудуди бист тан аз сарбозони афғон низ захмӣ шуданд.

 

Дар Кобул низ гурӯҳи сенафараи муҳоҷимони интиҳорӣ як худрави ҳомили низомиёни афғонро дар наздики як маркази омӯзиши нерӯҳои афғон дар шарқи шаҳр ҳадаф қарор доданд. Бар асоси гузоришҳо нерӯҳои амниятӣ ба суи ин афрод оташ кушуданд, аммо яке аз онҳо муваффақ шуд бумбҳои ҳамроҳи худро мунфаҷир кунад.

 

Дар ин ҳодиса ҳадди ақал панҷ сарбози афғон кушта шудааст. Яке аз пойгоҳҳои нерӯҳои Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) ҳам дар наздикии ин маҳал воқеъ аст. Ин ҳамалот як рӯз пас аз сафари Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ба Қундуз сурат гирифтааст.

 

Хонуми Меркел дар сафараш ба Қундуз бо сарбозони олмонӣ дидор кард ва дар дидоре бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар шаҳри шимолии Мазори Шариф бар таҷҳиз ва тақвияти артиши Афғонистон таъкид кард. Як сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳамла ба маркази артиши Афғонистон дар шаҳри Қундуз дар вокуниш ба сафари Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ба ин шаҳр сурат гирифтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3921-2010-12-19-16-11-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ