АМРИКО ВАЗИРИ ДИФОЪ ВА ФАРМОНДЕҲИ СИПОҲИ ЭРОНРО ТАҲРИМ КАРД
Давлати Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико номи шумори дигаре аз афрод ва ширкатҳои эрониро ба феҳристи баланди таҳримҳои якҷонибаи худ афзудааст. Сардор Аҳмад Ваҳидӣ, вазири дифоъи Эрон ва Ҷавод Каримӣ собити мудири ширкати энержии Навин ба далели иртибот бо барномаи атомии Эрон дар феҳристи таҳримҳо қарор дода шудаанд.
Номи сарлашкар Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Муҳаммадризо Нақдӣ, фармондеҳи созмони басеҷи сипоҳи посдорон низ дар ин феҳрист ба чашм мехӯрад. Ин таҳримҳо як ҳафта пас аз тасвиби қатъномаи тозае аз таҳримҳо алайҳи Эрон дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар иртибот бо барномаи атомиаш эъмол мешавад. Тимоти Гайтнер, вазири дороии Амрико баъд аз зуҳри чаҳоршанбе (16 июн) дар як конфронси хабарӣ дар Вошингтун гуфт:
“Иқдомоти имрӯзи мо бо ҳадафи мунсариф кардани соири давлатҳо ва ниҳодҳои молии хориҷӣ аз муъомила бо ин муассисот, ки боъиси кумак ба фаъолиятҳои ғайриқонунии Эрон мешавад, анҷом мешавад.”
Стюарт Левӣ, муъовини вазорати хазонадории Амрико, ки аз тарроҳон ва муҷриёни таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ба ҳисоб меояд, низ дар ин конфронси хабарӣ ба суолоти хабарнигорон посух дод
Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори Би-би-сӣ дар Вошингтун доир бар ин ки чи гуна ба мардуми Эрон итминон медиҳад, ки таҳримҳои эъломшудаи имрӯз ва собиқ на онҳо, балки давлатро ҳадаф мегирад, гуфт: “Суоли хеле хубе аст. Ҳарфи шумо дуруст аст. Мо бо мардуми Эрон мушкил ё ихтилофе надорем. Комилан баръакс, ин давлати Эрон ва тасмимҳои он аст, ки мушкилофарин аст.”
Ӯ афзуд: Ва мо мекӯшем таҳримҳоро бар тасмимгирон мутамаркиз кунем. Ин корро ба ду тариқ мекунем, яке бо тамаркуз бар касоне, ки даргири ин фаъолиятҳои ғайримуҷоз ҳастанд... ва сониян фикр мекунам тамаркузи мо бар сипоҳи посдорон комилан бо ин татбиқ аст. Сипоҳи посдорон ҳамон тавр ки медонед на танҳо даргири фаъолиятҳои ғайримуҷоз аст, балки фурсатҳоро аз мардуми Эрон мегирад.
“Ба ақидаи мо тамаркуз бар сипоҳи посдорон , ҳамон тавр, ки дар Созмони Милал анҷом додем ва ба таври якҷониба ё бо шарикони худ дар атрофи ҷаҳон кардаем, дақиқан дар ҳоли ирсоли паёми дуруст ҳастем. Дунболи касоне ҳастем, ки машғули саркӯби сиёсӣ ё иқтисодии мардуми Эрон ҳастанд.”
Тадобири тозаи давлати Амрико нерӯҳои ҳавоӣ ва фармондеҳии мушакии сипоҳро, ки мазнун ба даст доштан дар барномаи атомии Эрон ҳастанд, дар бар мегирад. Панҷ ширкати марбут ба хутути киштиронии Эрон низ машмули ин таҳримҳо ҳастанд. Оқои Гайтнер гуфт, ки давлати Убомо дар маҷмуъ 22 ширкати маҳсулоти бензин, энержӣ ва бима дар дохилу хориҷи Эронро, ки “таҳти моликият ё мудирияти давлати Эрон ҳастанд,” шиносоӣ кардааст.
Бар асоси таҳримҳои иттихозшуда “тамомии муъомилоти миёни ҳар як аз номбурдагон ва шаҳрвандони Амрикоӣ мамнуъ аст ва ширкатҳо ва афроди номбурда ҳар навъ дороӣ дар Амрико дошта бошанд, масдуд хоҳад шуд.”
Давлати Убомо қавл дода буд, ки пас аз тасвиби қатънома Созмони Милали Муттаҳид гомҳои якҷонибаи бештаре алайҳи Эрон бардорад ва аз кишварҳои дигар хостааст чунин кунанд.
Оқои Гайтнер гуфт: “Лозим аст кишварҳои дигар ҳамгом бо мо ҳаракат кунанд. Бинобар ин дар канори талошҳоямон барои эҷоди ҳимояти байналмилалӣ аз таҳримҳои тоза, дар пушти саҳна машғули эҷоди ҳимояти байналмилалӣ дар миёни вазоратхонаҳои дороӣ барои иқдомоти изофӣ будаем, то ҷилави сӯиистифодаи Эрон аз низоми молии байналмилалиро бигирем.”
Вазирони хориҷаи Иттиҳодияии Урупо рӯзи душанбе таҳримҳои тозаеро алайҳи Эрон пешниҳод карда буданд. Эрон низомӣ будани барномаи атомиашро рад мекунад ва таҳримҳоро беарзиш медонад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2493-2010-06-17-05-19-51.html