03:22:11 09-уми Феврали 2026 сол

Чаро Трамп мехоҳад Гренландияро ба қаламрави худ ҳамроҳ кунад?

Захираҳои нодири зеризаминӣ, аз ҷумла нафт, газ, маъдан аз сабабҳое мебошанд, ки Амрико ба ин ҷазира чашм ало кардааст. Баҳонаи ИМА ин аст, ки: "Он кӯтоҳтарин масири мушаки баллистикӣ аз Русия ба Амрико аст...ва "Гунбази тиллоӣ" барои мудофиаи Амрико ба ҳисоб меравад."

tramp greenland 654454521Доналд Трамп, Президенти Амрико тасмим гирифтааст, ки ин ҷазираи бузурги камаҳолӣ ва бой аз маъданро, ки дар байни уқёнусҳои Арктика ва Атлантикаи Шимолӣ ҷойгир аст, тасарруф кунад.

"Он дорои аҳамияти стратегӣ аст", - гуфт Трамп ба хабарнигорон дар ҳавопаймои Air Force One. "Гренландия ҳоло дар ҳама ҷо бо киштиҳои Русия ва Чин иҳота шудааст. Мо аз нигоҳи амнияти миллӣ ба Гренландия ниёз дорем." - афзуд ӯ.

Гренландия, ки дар байни Иёлоти Муттаҳида ва Русия ҷойгир аст, муддати тулонӣ ҳамчун минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ, бахусус дар робита ба амнияти Арктика, ҳисобида мешуд.

Ин қаламрав, ки тақрибан 57,000 нафар аҳолӣ дорад, дар наздикии роҳҳои нави киштиронии Арктика ҷойгир аст, ки дар он ҷо обшавии босуръати ях имкониятҳоро барои кӯтоҳ кардани вақти сафар байни Осиё ва Аврупо фароҳам меорад. Гренландия, инчунин дар долони Гренландия-Исландия-Британияи Кабир, як роҳи муҳими обӣ, ки Арктикаро бо уқёнуси Атлантик мепайвандад, ҷойгир аст.

Ғайр аз мавқеи геополитикии худ, Гренландия бо ашёи хоми фаровон ва истифоданашудааш, аз захираҳои нафт ва газ то конҳои маъданҳои муҳим ва нодири замин машҳур аст.

Ин маъданҳои муҳим ва унсурҳои нодири замин ҷузъҳои калидӣ дар технологияҳои навбунёд, ба монанди турбинаҳои бодӣ, мошинҳои барқӣ, технологияҳои нигоҳдории энергия ва барномаҳои амнияти миллӣ мебошанд.

"Гренландия яке аз муҳимтарин амволи ғайриманқулро аз ҷиҳати бартарии иқтисодӣ ва стратегии дифоъ дар се то панҷ даҳсолаи оянда дорад."

Кӯтоҳтарин масири мушаки баллистикӣ аз Русия ба ИМА аз Гренландия мегузарад.

"Аз ин лиҳоз, ИМА пойгоҳи ҳавоиро дар шимолу ғарби Гренландия ҷо кардааст. Боз ҳам ба он баҳона, ки кӯтоҳтарин масири мушаки баллистикии Русия барои расидан ба қитъаи ИМА аз Гренландия ва Арктика мегузарад."

Он инчунин фурудгоҳи фаъол ва шимолтарин бандари оби ҷаҳонро дорад, ки муддати тулонӣ дар назорати киштиҳои зериобии Русия, ки аз фосилаи Гренландия-Британияи Кабир мегузаранд, нақши муҳим бозидааст. Гренландия дар чорроҳаи ду масири эҳтимолии киштиронии Арктика ҷойгир аст: Гузаргоҳи шимолу ғарбӣ ва Масири баҳрии Транс-Арктикӣ.

Гренландия метавонад барои ИМА ҳамчун макони таваққуф барои тақвияти ҳузури дифоии худ ва ҳамчун макони мушакҳои боздошткунандаи он, бахусус дар заминаи яке аз сиёсатҳои калидии маъмурияти Трамп: системаи дифоъи мушакии "Гунбази тиллоӣ" бошад.

Гренландия дастрасии мустақим ба Арктикаро осон мекунад.

Трамп бовар дорад, ки аннексия кардани Гренландия ҷузъи муҳими амнияти миллии ИМА аст.

Ш.Суҳайл

Манбаъ: Alahram

Назари Шумо

Security code
навсозӣ