16:21:58 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 27
28 29 30 31      

Путин ва Модӣ дар нишасти сарони БРИКС равобити Русияву Ҳиндро баррасӣ карданд


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд дар ҳошияи нишасти БРИКС дар Қазон дидору гуфтугӯ карданд.

brics 24 putin modi qazan"Ман миннатдорам, ки шумо ба даъвати мо посух додед ва шахсан барои баргузории нишасти БРИКС ба Қазон омадед", - гуфт раҳбари Русия зимни ифтитоҳи нишаст.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қайд кард, ки Москав ҳамкорӣ бо Ҳиндустонро дар формати БРИКС қадр мекунад.

"Дар Қазон мо бояд як қатор қарорҳои муҳимро қабул кунем, ки ба такмили минбаъдаи фаъолияти Иттиҳодия ва таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи он равона карда шудаанд", — афзуд Владимир Путин.

Ба гуфтаи ӯ, равобити Русия ва Ҳинд хусусияти шарикии стратегии вижа ва имтиёзнок дорад ва дар ҳоли ҳозир фаъолона рушд мекунанд. Сарвари давлат ба вазъи хуб будани гардиши молии Русия ва Ҳиндустон таваҷҷӯҳ карда, ёдовар шуд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ рӯзи 12 ноябр дар Деҳлӣ баргузор мешавад.

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд дар посух ба Путин барои дӯстӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос кард.

"Ман хурсандам, ки ба Қазон, чунин шаҳри зебо, барои иштирок дар саммити БРИКС омадам. Ҳиндустон бо ин шаҳр робитаҳои амиқи таърихӣ дорад"- гуфт сарвазири Ҳинд.

Вай таъкид кард, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хостори пайвастан ба БРИКС ҳастанд ва иқрор шуд, ки мунтазири гуфтугӯҳо дар чаҳорчӯби ин Иттиҳодия аст.

Сарвазири Ҳиндустон ҳамчунин қайд кард, ки Деҳлии Нав дар робита ба низоъи Украина пайваста бо Москав дар тамос аст.

"Тавре ки ман пештар гуфта будам, мо чунин мешуморем, ки мушкилот бояд бо роҳҳои осоишта ҳал карда шаванд ва мо барқароршавии ҳарчи зудтари сулҳу суботро комилан дастгирӣ мекунем. Дар тамоми кӯшишҳои худ мо ба инсоният афзалият медиҳем ва мо омодаем, ки дар оянда низ ҳама гуна кӯмаки имконпазирро расонем" - гуфт ӯ.

Нишасти сарони БРИКС дар Қазон аз 22 то 24 октябр баргузор мешавад. Ин бузургтарин чорабинии сиёсати хориҷӣ дар Русия хоҳад буд. Тавре ёвари президент Юрий Ушаков гуфт, дар ин ҳамоиш 36 кишвари ҷаҳон (22-тои онҳо дар сатҳи олӣ) намояндагӣ мекунанд ва сарони шаш созмони байналмилалӣ низ хоҳанд иштирок намуд.

Путин дар чаҳорчӯби ин нишаст як силсила мулоқотҳои байналмилалӣ дар назар дорад. Имрӯз ӯ аллакай бо президенти Бонки нави рушд Дилма Руссеф мулоқот карда, баъдан бо президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса, президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва раисиҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин мулоқот хоҳад кард.

БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин, Ҳиндустон ва Бразилия таъсис ёфтааст. Дар соли 2011 ба он Африқои Ҷанубӣ пайвастанд. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба ин гурӯҳ шомил шуданд. Рӯзи 1 январ Раёсати солонаи Русия дар ин созмон оғоз шуд, ки он таҳти шиори “таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ” баргузор мешавад.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi