10:56:01 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эрон ҷосуси Бритониёро эъдом кард

Эрон ҳукми эъдоми муовини собиқи вазири дифои ин кишвар Алиризо Акбариро иҷро кард.

1-generali-mardumi 8965Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Акбарӣ, ки шаҳрвандии Бритониёву Эронро дошт, рӯзи шанбе эъдом шудааст. Қаблан додгоҳ ӯро дар ҷосусӣ ба нафъи хадамоти истихборотии Бритониё ва фасод муттаҳам дониста буд. Собиқ мансабдор шикоят бурд, аммо он қонеъ нашуд, менависад РИА Новости.

Алиризо Акбарӣ аз соли 1997 то 2005 мушовири собиқ вазири дифои Ҷумҳурии Исломӣ Алӣ Шамхонӣ буд.

Сарвазири Бритониё Риши Сунак эъдоми Акбариро як амали бераҳмона ва тарсончаконаи режими ваҳшӣ номид.

Сунак дар Твиттер навишт: "Аз эъдоми Алиризо Акбарӣ, шаҳрванди Бритониёи Кабир ва Эрон дар ҳайрат афтодам. Режим ба ҳуқуқи башари мардуми худ эҳтиром намегузорад."

Би-би-сӣ иддао кардааст, ки ин мансабдори собиқ тақрибан даҳ моҳ пеш боздошт ва ҳангоми боздошт шиканҷа шудааст.

Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Ҷеймс Клеверлӣ, вазири умури хориҷаи Бритониё, аз Эрон хост, эъдоми Акбариро лағв кунад.

Рӯзи 7 январ дар Эрон ду нафарро, ки дар куштори як афсари интизомӣ дар ҷараёни нооромиҳо дар ин кишвар муттаҳам мешаванд, эъдом кард.

Вести.ру

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi