19:49:03 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29        

Ходорковский аз маҳбас баромад

Вакилони дифои Михаил Ходорковский хабар доданд, ки шахси зерҳимояи онҳо бо имзо шудани номаи авфаш аз маҳбас дар вилояти Карелия баромадааст.

khadarkovsky-45875411Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 20-уми декабр номаи авфи Михаил Ходорковский, сарватманди собиқ ва аз мунтақидони ҳукумати кишварашро имзо кард. Як рӯз пеш Путин дар нишасти хабариаш гуфт, Ходорковский 10 соли умрашро дар зиндон гузаронд ва ин ҷазои ҷиддӣ аст ва «ман фикр мекунам, бояд қароре қабул кард.»

Раиси ҷумҳури Русия афзуд, ки Михаил Ходорковский чанде пеш тақозо кардааст, ки ӯро авф кунанд, то битавонад, дар ҳаққи модари бемораш ғамхорӣ кунад. Аммо вакилони дифои Ходорковский гуфтаанд, ки ӯ махсус аз Владимир Путин дархости авф накардааст, зеро ин баробар ба эътирофи гуноҳ мешуд. Раиси собиқи ширкати нафтии Юкос мегӯяд, гуноҳе надорад. Ӯро соли 2003 боздошт ва сипас ба дуздӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз ва тақаллуби молӣ гунаҳкор карданд.

Ба ин тартиб, Михаил Ходорковскийи 48-сола, ки аз мунтақидони Кремл аст, аз соли 2003 ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебарад ва се сол пеш муҳлати ҳабси ӯро то соли 2017 тамдид карданд. Ходорковскийро гурӯҳҳои байналмилалии ҳуқуқи башар маҳбуси сиёсӣ мешиносанд.

Кремл бори аввал тасмими бозбинии ҳукми Михаил Ходорковскийро ҳамагӣ як рӯз баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ва ба даври севум ва ин бор шашсолаи раёсат даст ёфтани Владимир Путин эълон карда буд. Ходорковский дар соли 2003, дар аҳди раҳбарии Путин бо иттиҳоми тахаллуф ва сарпечӣ аз пардохти молиёт боздошт шуд ва Путин ҳамеша аз таъқиби ҷиноии ин марди дар гузашта бойтарини Русия пуштибонӣ мекард.

Ходорковский феълан дар маҳбасе дар Карелия адои ҳукм мекунад.Таҳлилгарон мегӯянд, омодагиҳои Ходорковский ба интихоботи президентии Русия сабаби фишор таъқиби ӯ гардид. Дар интихоботи ахири президентии Русия Ходорковсикй аз мардум даъват карда буд, ки ба ягон номзади дигар раъй диҳанд, на ба Путин. Ҳанӯз пеш аз интихобот Владимир Путин, он вақт сарвазири Русия ва номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ, гуфта буд, ки дар сурати раисиҷумҳур интихоб шуданаш аризаи афви раҳбари пешини ширкати Юкос Михаил Ходорковскийро баррасӣ хоҳад кард. Вай аммо шарт гузошта буд, ки барои ин бояд худи Ходорковский ин гуна ариза нависад.

Иқдоми Путин бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистонро умедвор кардааст, ки маҳбусони ақидатӣ дар ин кишвар низ афв ва озод шаванд. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, дар Тоҷикистон касе барои ақидаи сиёсӣ таъқиб намешавад, ҳомиёни ҳуқуқи башар мавҷудияти зиндониёни сиёсиро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Дар ин робита аз раҳбари демократҳо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов, вазири пешини саноат ва соҳибкор Зайд Саидов ва аъзои гурӯҳҳои мазҳабие, чун Ҳизб-ут-таҳрир намуна оварда мешаванд.

Таҳлилгари тоҷик, Меҳмоншо Шарифов, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт: "...ин бояд дарси омӯзанда бошад барои сиёсатмардони тоҷик дар шинохт ва ҳалли қазияи Зайдулло, агар дар пайи ободии мамлакат бошанд ...дар ҳалли ин кор набояд ба чунин хатогӣ роҳ дод...ки ҳам барои шахсияти ин соҳибкори Тоҷик ва ҳам барои Тоҷикистон зарарҳо дорад..."

Хабари раҳоии Ходорковский дар Русия махсусан дар дили дӯстону ҷонибдорони Зайд Саидов умедеро барафрӯхт, ки шояд раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар пайравӣ ба ҳамтои русаш соҳибкори маъруфи тоҷикро афв мекунад. Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, инро баъйид мехонад.

Ба гуфтаи ӯ, “солҳои зиёде дар дохили Русия зиёиён, ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҷомеъаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки Ходорковский аз ҳабс озод карда шавад. Кишварҳои ғарбӣ ҳам барои раҳоии ӯ талоши зиёд карданд. Вале мо мебинем, ки барои озод кардани Зайд Саидов як гурӯҳ дар дохили Тоҷикистон ва ду созмони байнулмилалӣ овоз баланд карданд”. Хонум Бобоназарова меафзояд, “ман фикр мекунам, он ҷиноятҳои вазнине, ки ба асари Зайд Саидов бор карданд, барои озод кардани ӯ имкон намедиҳанд. Агар озод карданӣ мешуданд, аққалан тафтишотро аз рӯи қонун мебурданд. Ягон назари вакилони дифоъ ва хоҳишҳои айбдоршаванда ба инобат гирифта нашуд, ин маънои онро дорад, ки ҳадафи тафтишот –фақат сиёҳ кардан аст, сиёҳ кардан бошад маънои фармоишӣ будани парвандаро дорад ва агар фармоишӣ бошад, озод шудани Зайд Саидов гумон аст”.

Ойниҳол Бобоназарова меафзояд, ки “дар вазъи феълӣ, бар пояи қонун, раисиҷумҳури Тоҷикистон наметавонад Зайд Саидовро озод кунад. Бояд мурофиаи додгоҳӣ сурат бигирад ва ҳукм эълон шавад, яъне фақат додгоҳ метавонад озод кунад ё ҷазо диҳад. Баъди эълони ҳукм Зайд Саидов метавонад ба раисиҷумҳур муроҷиат кунад, зеро президент ҳуқуқи афв карданро дорад”. Аммо, мегӯяд ҳуқуқдони тоҷик, раисиҷумҳур ӯро фақат дар ҳоле, ки агар ҷиноят сангин набошад, метавонад афв кунад. Аз нигоҳи хонум Бобоназарова, ба гардани Зайд Саидов бор шудани иттиҳоми таҷовуз ба номус маънои онро дорад, ки ӯ набояд озод шавад.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш гурӯҳе аз чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон - Мӯъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Мамадшо Илолов ва Мӯсо Диноршоев бо ирсоли нома унвонии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардаанд, ки ба қазияи Зайд Саидов, ки Додгоҳи олӣ дар остонаи содир кардани ҳукми ӯ мебошад, дахолат кунад.

Додгоҳ алҳол ҳукми худро дар баробари парвандаи Зайд Саидов эълон накардаст. Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 5 декабр аз додгоҳ барои Зайд Саидов 28 сол ҳукми зиндон хост. Зайд Саидов, ки аз 19 май дар боздошт қарор дорад, рӯзи 10 декабр дар сухани ниҳоияш дар додгоҳ қазияашро бори дигар сиёсӣ хонда, вале гуфт,  ҳанӯз умедвор аст, ки додгоҳ зимни судури ҳукми ӯ танҳо ба қонун такя мекунад.

Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, дар умум 15 далел муттаҳам мешавад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi