07:54:54 01-уми Июли 2025 сол

ИНТИХОБОТ: ДОКТОР АБДУЛЛО ШАРТ МЕГУЗОРАД

Оқои Абдулло гуфтааст, ки барои ширкат дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шарту шароит дорад.

 

Абдулло Абдулло, яке аз ду номзади даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, рӯзи ҷумъа, 23 октябр, ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки барои ширкат дар даври дуввуми интихобот шароите дорад, ки тайи як ё ду рӯзи оянда эълом хоҳад кард. Чанд соъат пеш аз он сухангӯйи ситоди интихоботии оқои Абдулло ба Би-би-сии форсӣ гуфта буд, агар чанд фарди мушаххас аз мудирони аршади Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон тағйир накунанд,

 

Абдулло Абдулло дар даври дуввуми интихобот, ки қарор аст 7 ноябр баргузор шавад, ширкат нахоҳад кард. Оқои Абдулло дар посух ба ин суол, ки мавзеъаш дар бораи ин изҳори назари раиси ситодаш чист, гуфт ӯ барои итминон аз баргузории интихоботи озод, одилона ва шаффоф шароиту пешниҳодҳои мушаххас дорад, ки зарфи як ё ду рӯзи оянда эълом хоҳад кард.

 

Оқои Абдулло гуфт, мақомҳои Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар даври аввал нишон доданд, ки аз як номзади хос ҳимоят мекунанд.

 

Оқои Абдулло гуфт, дар ҳоле ки тибқи қонуни интихоботи Афғонистон, назари комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ дар мавриди натоиҷ назари ниҳоӣ аст, масъулони Комиссиюни мустақили интихобот дар баробари пазириши натоиҷи эъломшуда аз тарафи Комиссиюни шикоят муқовимат карданд ва дар ниҳоят ҳам, натоиҷе ғайр аз он чи ба онҳо дода шуда буд, эълом карданд.

 

Пештар Фосил Сончоракӣ, сухангӯйи ситоди интихоботии оқои Абдулло ба Би-би-си гуфта буд, ки Азизулло Лудин, раис, Довуд Алии Наҷафӣ, раиси дорулиншои (дабирхона) Комиссиюни интихобот ва Закариё Боракзай, муъовини ӯ, “ҷонибдорона” амал мекунанд ва бояд барканор шаванд.

 

Сухангӯйи ситоди оқои Абдулло гуфт: “Ин комиссиюне, ки аз назари мо салоҳият надорад, ба он эътимод надорем ва хоҳони тағйираш ҳастем, ҳамчунон ҷонибдорона амал мекунанд ва дар ҷиҳати ба пирӯзӣ расондани як номзади мушаххас ҳаракат мекунанд”.

 

Аммо оқои Наҷафӣ суханони ӯро “сирфан як иддаъо” хонд ва гуфт, ки дар ин маврид санаде вуҷуд дошта бошад, бояд ироа шавад ва масъулони Комиссиюни интихобот дар ин замина посухгӯй ҳастанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ