06:45:05 08-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Амрикои танҳо дар марзи Сурия

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Бори аввал аст, ки кишварҳои НАТО муттаҳиди аслии худ Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар таҷовузи навбатӣ алайҳи Сурия танҳо мегузоранд

1 syria usa 1221Зарфи як ҳафтаи охир, ки рӯйдодҳои Сурия пайгирӣ мешаванд, ба чанд ҳолат рӯ ба рӯ шудем. Аз оғози танишҳо дар ин кишвари арабӣ ва оғози дахолати шармандавори қудратҳои ҷаҳонӣ ин бори аввал аст, ки мавзеъгириҳо зарфи се рӯз дигаргун шуданд ва эҳсос мегардад, ки ҳамон ҷомеаи ҷангҷӯи Ғарбро ҳам ҷангҳои беҳосил ва дурударозу сермасраф хаста кардааст.

Дигар онҳо шояд натавонанд бо баҳонаи қаблии мубориза бо терроризм ва экстремизм ба ин ё кишвар қушун ворид созанд. Парламонҳо бонги хатар мезананд, ҷомеа тазоҳурот мекунад, ҳукуматҳо дар тасмимгириҳо мекалаванд. Ва як манзараи дигаргуна ва тафовуткунанда дар тарҳрезии ин гуна сиёсатҳо пеши назар меояд. Ғарб дигар шояд натавонад дунболи Амрико равад ва худи Амрико низ шояд дигар натавонад ба танҳоӣ андармони ин ё он бӯҳрон шавад.

Истифодаи силоҳи химиявӣ дар бархӯрдҳои Сурия ҷомеаи қудратталаби ғарбро такон дод. Вашингтон саросемавор эълон кард, ки ин силоҳ аз ҷониби пайравони Асад ва бо дастури ӯ истифода шудааст. Пас дигар иҷозаи Шӯрои амниятро метавон мунтазир набуд. Зеро мардуми бесилоҳу бечора қурбон мешаванд.

Даъвои дар назари аввал мантиқӣ. Кӯмак бояд кард, то ин мардуми бедифоъ аз ҳамлаҳои химиявиву дигар таҳдидҳои марговар наҷот дода шаванд. Вале чаро маҳз зидди режиме бояд лашкар кашид? Чаро роҳҳои дигари дипломатӣ сарфи назар шаванд? Чаро маҳз Асад бояд гунаҳгор бошад. Ва ниҳоят: ин ҳақро ба Кохи Сафед кӣ додааст, ки ҳамвора таъкид намояд, ки Башор Асад шоистаи гуфтушунид нест ва гуфтушунид бояд ҳатман бо мухолифони вай карда шавад. Мантиқи ин суханон дар куҷост? Маъмулан гуфтушунид бо ҷонибҳои даргир бояд пеш бурда шавад ва агар ин танҳо як ҷониб аст, пас муколама чаро?

Вокуниши СММ: Чаро Амрико боз ҳам хашм мекунад?

Дар соатҳои аввали эълони муттаҳам шудани Башор Асад дар истифодаи силоҳи химиявӣ, СММ намояндагони худро эъзом намуд. Ҳанӯз онҳо ба марзи Сурия нарасида, Вашингтон эълон кард, ки Асад бо комиссия ҳамкорӣ намекунад. Вале аъзои комиссия филҳол изҳорот доданд, ки ин як иддиои бебунёд аст ва режим басо хуб ҳамкорӣ ҳам мекунад.

2 syria usa 1221Баъди ин вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ боз ҳам саросемавор эълон кард, ки муҳим натиҷаи тафтиши комиссияи СММ нест ва Кохи Сафед ниёз ҳам ба шунидани ҳисоботи он надорад. Зеро манбаъҳои он иттилоъ додаанд, ки силоҳро маҳз Асад зидди шӯришчиён хостааст истифода кунад. Ва далели боз ҳам норушан ҳамон гуфтугӯи телефониест, ки гӯё хадамоти ҷосусии Амрико шунидааст ва сабт кардааст.

Як рӯз баъд аввалин натиҷаи бозрасони СММ эълон шуд: Башор Асад силоҳи химиявӣ истифода накардааст ва ин кор аз ҷониби мухолифони он сурат гирифтааст.

Бидуни ихтиёр ёди нигоранда ба ҷанги Ироқ рафт. Баҳонаи он замон ҳам мавҷудияти силоҳи химиявӣ дар ин кишвар буд. Ягон комиссияи байналмилалӣ нишоне аз ин гуна силоҳ дар Ироқи саддомиро ошкор накард, вале боз ҳам Вашингтон иддио намуд, ки ин гуна силоҳ мавҷуд аст, танҳо ҳайатҳои эъзомӣ онро пайдо намекунанд. Ва Буш тасмим гирифт даст ба ҳамлаи мусаллаҳона занад. Ба вай дигар кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) пайвастанд. Дар як муддати кӯтоҳ хоки Ироқро бехтанд, Саддоми саркашро ба дор кашиданд, вале он силоҳ пайдо нашуд.

Аммо то кунун касе аз Кохи Сафед ёрои онро надорад, ки аз мардуми Ироқ пузиш хоҳад. Зеро силоҳи химиявӣ баҳона буд, ҳадаф низоми саркашеро аз байн бурдану дастнишондаи худро сари қудрат овардан буд. Ва маҳз ҳамин Сурия мухолифи дахолати Амрико дар умури Ироқ буд. Ҳоло акнун замоне расидааст, ки кини гузаштаро ситонанд. Аз чапу рости Сурия Исроили ғайриисломӣ ва Туркияи исломӣ низ ҳастанд, ки омодаи ҳамла ба Димишқанд. Вале ҳоло боз ҳам истиҳола мекунанд. Аввал Амрико бояд ворид шавад ва ба дунбол онҳо низ фаро хоҳанд расид.

 Дар чанд рӯз муттаҳидони Амрико дар байни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, бахусус Британияи Кабир ва Фаронса хеле фаъол ва омодаи пуштибонӣ аз ҳамла ба Сурия буданд. Ҳатто ин ду кишвар нерӯҳои баҳрии худро ба минтақа эъзом карданд ва ӯ киштиҳои ҳарбии мавҷударо тақвият доданд. Дэвид Кэмерон дар Twitter -и худ навишт: "Мо ҳамеша мегуфтем, ки мехоҳем Шӯрои амнияти СММ вазифаи худро дар мавриди Сурия иҷро кунад. Имрӯз ба онҳо ин гуна имкон дода хоҳад шуд. Аз ҷониби Британияи Кабир лоиҳаи қатънома таҳия шудааст, ки истифодаи силоҳи химиявӣ  аз ҷониби Асадро маҳкум мекунад ва талаб дорад, ки барои ҳифзи аҳолии осоишта чораҳои азрурӣ андешида шавад". 

Вале замон дигар ба манфиати таҳдидҳои амрикоӣ кор накард. Шояд эълони комиссияи СММ буд ё чизи дигар, ки аз аввалинҳо шуда парламони Британияи Кабир пешниҳоди ҳукумати Девид Кэмеронро дар мавриди ширкат дар ҷанг зидди Башор Асад рад кард. Вакилони мардум бо аксари овозҳо тарҳи пешниҳодии ҳукуматро посухи рад доданд ва сареҳан эълон доштанд, ки намехоҳанд шоҳиди боз як ҷанги бефоида дар минтақа бошанд. 

Сурияи саркаш ва Русияи мулоҳизакор

Сурия қаблан эълон карда буд, ки ҷавобан ба ин ҳамла Исроилро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод. "Дар сурати таҷовуз ба Сурия дасти ин кишвар барои зарба ба Исроил боз хоҳад шуд",-гуфт як мақоми олирутбаи артиши давлатии Сурия. Ва давлати яҳудӣ ҳам сареҳан вокуниш нишон дод: "Мо посух медиҳем". 

Сарвари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ эълон кард, ки оқибати ҳамла ба Сурия пешгӯинашаванда аст. "Минтақа ба анбори борут шабоҳат дорад ва дахолати ИМА барои он хеле мудҳиш хоҳад буд"- иқтибос овард суханони ӯро Рейтер.  

Табиист, ки Маскав дар ин маврид коре наметавонад анҷом диҳад. Зеро Ғарб мехоҳад бо истифода аз баҳонаи истифодаи силоҳи химиявӣ ба муқобили мардуми осоишта бидуни ҳамоҳанги бо Шӯрои амнияти СММ амал кунад. Дар ин ҳолат на танҳо Русия ва Чин ҳатто ягон кишвари дигари олам наметавонад ба ҷуз маҳкум кардани ҳамла коре анҷом диҳад.

Генерал-полковник Леонид Ивашов, ки аз ҷумлаи таҳлилагарони варзидаи амниятии Русия мебошад ва ҳамеша таҳлилҳои ҷиддии вазъро дорад, ин бор ҳам вазъро хеле ҷолиб арзёбӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт: "Имрӯз мо дар Ғарб консепсияеро ба мушоҳида гирифтаем, ки бар ғояҳои фашизм, либерализми таҳрифкардашуда ва гомосексуализм қарор гирифтааст. Сарварони кишварҳои ғарбӣ шогирдони хуби Ҳитлер ва Геббелсанд. Сухани Геббелс: "ҳар қадар дурӯғ густарда бошад,ба он бештар бовар менамоянд" имрӯз беш аз ҳар вақти дигар барои Ғарб муҳим арзёбӣ мешавад".

Сарвари Маркази Осиё ва Ховари Миёнаи  пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Русия Елена Супонина мегӯяд "Нерӯи Русия дар маҳорати дипломатии он, дар вазнаш дар Шӯрои амният аст, вале чун ин амалиёт қарор аст бидуни мувофақа бо Шӯрои амният роҳандозӣ шавад, Русия наметавонад вокуниш нишон диҳад. Ва шояд ин беҳтар ҳам бошад. Чун ба он нигоҳ накарда, ки бӯҳрони Сурия басо ҷиддист, ин он баҳонае нест, ки Русия бо Ғарб дар муқовимати шадид қарор бигирад, бе ин ҳам муносибати Вапшингтон ва Маскав басо тезутунд ҳастанд".

Евгений Сатановский, президенти Институти омӯзиши Ховари Миёна ва Исроил мегӯяд дар ин ҳолат вокуниши Русия "хашмомез ва дипломатӣ хоҳад буд ва барои оламиён фарқият миёни блоки таҷовузгари ғарб ва Русияи мутараққиро ба намоиш хоҳад гузошт". 

Ҳамзамон бо ин Владимир Жириновский аз роҳбарияти Русия даъват кард, ки бо истифода аз кӯмаки ҳукуматдорони Эрон ва Белоруссия ба Сурия силоҳ фиристода шавад. Вай мегӯяд Сурия охирин кишвари арабист, ки зидди Амико муқовимат мекунад. Вай ҳамчунин пешгӯӣ мекунад, ки ИМА танҳо ҷо-ҷо мавзеъҳои муҳимро мавриди ҳамла қарор медиҳад, вале баъдан кори асосиро курдони ҷудоихоҳ анҷом медиҳанд. "Дар дурнамои сиёсати ИМА истифодаи ҷангиёни омӯшзишдида барои задани зарба аз ҷануб ба Русия ва аз ғарб ба Чин аст, вале ин хеле баъдтар, дар остонаи соли 2020 сурат мегирад",-мегӯяд ӯ.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi