Чаҳор адиби тоҷик соҳиби ҷоизаҳои адабӣ дар ин сол шуданд
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта бо пахши иттилоияе ғолибони имсолаи озмун барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро эълон кард.
Дар наср Марябонуи Фарғонӣ барои китоби "Шаҳболи хаёл", Насим Раҷаб барои "Даргоҳи меҳру вафо" ва дар назм Раънои Мубориз барои маҷмуъаи шеърҳои "Лаъли Бадахшон ва Давлат Сафар барои китоби "Авҷи парвоз" ғолиб эълон шуданд. Ба гуфтаи Гулназар Келдӣ, як тан аз узви комиссияи мукофотҳои адабии Иттифоқи нависандагони кишвар дар овоздиҳии пинҳонӣ 17 нафар узви раёсати Иттифоқи нависандагон ширкат кардаанд. Қарор аст 29 -уми июни соли ҷорӣ маросими тақдими диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 1000 (ҳазор) доллари амрикоӣ ба ҳар ғолиб баргузор мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ соли 1988 таъсис дода шудааст ва ҳар ду сол барои асарҳои насрии беҳтарини сол дода мешавад. Қаблан адибони шинохтаи кишвар Бахтиёр Муртазоев, Маҷиди Салим, Шералӣ Мӯсо ва Абдунабӣ Сатторзода шоистаи ҷоиза дониста шуда буданд. Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода бошад соле баъд (1989) таъсис гардид ва аз аввалинҳо шуда онро Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғоиб, Нуқраи Суннатниё, Гурез Сафар ва дигарон дарёфт намуданд.
"Рӯзгор" ин чаҳор адиби пирӯзро муборакбод мекунад ва барояшон комёбиҳои беназир ва тансиҳатию илҳоми саршор таманно дорад.
"Рӯзгор"
Шарҳҳо
RSS Обуна