03:00:12 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ТЕҲРОН АЗ МАВҚУФ ГУЗОШТАНИ МУЗОКИРОТ ИНТИҚОД КАРД

Мақомоти эронӣ кишварҳои абарқудратро дар он айбдор намуданд, ки санаи баргузории музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишварро то моҳи феврал мавқуф гузоштанд.

/images/stories/2013/01/27_guftugu-27012013.jpgРасонаҳои эронӣ аз қавли Ҳелга Шмид, намояндаи раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, навиштаанд, ки кишварҳои абарқудрат барои дар моҳи январ баргузор кардани гуфтушунид омода нестанд. Алӣ Боғирӣ, намояндаи раҳбари ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, дар навбати худ, хостори доир намудани гуфтушунид дар ҳамин моҳ шудааст.

Мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон чанд моҳ боз масоили марбут ба давраи нави музокирот оид ба барномаи ҳастаии Теҳронро баррасӣ мекунанд. Кишварҳои ғарбӣ аз он нигаронанд, ки Теҳрон талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро дорад. Аммо мақомоти Эрон мегӯянд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.

Иттиҳодияи Аврупо дар баргузории музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон аз сӯи ИМА, Чин, Русия, Бритониё, Фаронса ва Олмон миёнҷигарӣ мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi