РАМАЗОН РАҲИМОВ ПОЛКОВНИК ХОЛИҚОВРО АЗ ВАЗИФА ОЗОД КАРД
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сардори яке аз шӯъбаҳои ин вазоратро дар пойтахт аз вазифа озод намуд.
Тавре ба сомонаи "Рӯзгор" аз ВКД иттилоъ доданд, Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Саидҷафар Холиқовро, ки вазифаи сардори шӯъбаи милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури Душанберо ба ӯҳда дошт, сабукдӯш кардааст. Гуфта мешавад, амри аз вазифа озод намудани полковники милитсия Саидҷафар Холиқов аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ аз 11-уми январи соли 2013 баромадааст, вале сабаби он шарҳ дода нашудааст.
Аз вазифа озод кардани полковники милитсия Саидҷафар Холиқов дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде қабл, 8-уми январ Рамазон Раҳимов ҷиҳати тафтиш намудан ба ҷузъҳои зертобеаш ғайримунтазира ташриф оварда, вазъи онҳоро мавриди санҷиш қарор додааст.
Бино ба иттилои ВКД дар натиҷаи чунин санҷиши ногаҳонӣ камбудиҳои мухталиф, аз қабили таъминоти ғизо ва тозагии атрофи қисмҳои ҳарбӣ ошкор гардидаанд.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»