11:22:06 01-уми Июли 2025 сол

ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ ТИРИ ПУЛИС ДАР РУСИЯ ЗАХМӢ ШУДААСТ

Пулиси Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо истифода аз силоҳи оташфишон маҷрӯҳ карда, 4 тоҷики дигарро боздошт намудааст. Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манобеи Сарраёсати пулиси вилояти Маскав гуфтааст, ҳангоми боздошти ронандаи як мошини сабукрав афсарони пулис аз силоҳи оташфишон истифода бурда, як нафарро бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол додаанд.

/images/stories/2013/01/12_poolice-110113.jpgБа навиштаи ҳамин хабаргузорӣ субҳи барвақти 12-уми январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав мошини ВАЗ-21093 мошини пулисро дида, кӯшиш кард, аз он фирор намояд. Вале афсарони пулис онро дарёфт намуда, пеши роҳашро гирифтаанд.

Ба қавли Сарраёсати пулиси вилояти Маскав дар дохили мошини сабукрав панҷ шаҳрванди аз 18 то 23-солаи Тоҷикистон будаанд. Афсарони пулис иддао доранд, ки ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо яке аз боздоштшудагон бо корд ба онҳо муқовимат намуд ва афсарон ибтидо ба ҳаво тир холӣ намуда, сипас, ӯро ҳадаф қарор додаанд.

Ҳоло ин фарди маҷрӯҳ дар шифохона ва 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар боздошт мебошанд. Мақомоти интизомии Русия таҳқиқи зарурати истифодаи силоҳ аз ҷониби афсари пулисро оғоз намудааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ