06:20:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

FORBES ТОҶИКИСТОНРО ДАР ПАҲЛУИ НИГЕРИЯВУ КАМБОҶА ҶО ДОД

Маҷаллаи амрикоии Forbes дар гузориши нави худ Тоҷикистонро ба гурӯҳи 15 давлати фасодзадатарин ворид кардааст. Маҷаллаи Forbes (Форбс) дар гузориши нави худ таҳти унвони "Беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ" Тоҷикистонро дар дар миёни 141 давлати дунё аз нигоҳи фасод дар зинаи 128-ум қарор додааст.

/images/stories/2012/11/20_forbes-201112.jpgТаҳлилгарони Forbes инчунин Тоҷикистонро ба қатори даҳгонаи кишварҳое шомил кардаанд, ки андози гарон дорад. Аз рӯи ҳаҷми пардохти андоз дар миёни 141 давлати дунё, Тоҷикистон мавқеи 133-юмро касб кардааст. Ин маҷалла, ки миёни сармоядорони шарқу ғарб, яке аз бонуфузтаринҳо маҳсуб меёбад, ҳамасола шароити соҳибкорию муҳити сармоягузориро дар кишварҳои ҷаҳон таҳлил карда, гузориши «Беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ»-ро пешкаш мекунад.

Таҳиягарони гузориш асосан ба 9 омил, аз ҷумла фасод, андоз, ҳимояи ҳуқуқи сармоягузор, озодии тиҷорат, озодии маблағҳо, озодиҳои шахсӣ, навовариҳо, технология ва расмиёту қоғазбозиҳо таваҷҷӯҳ мекунанд.

Ба навиштаи таҳлилгарони Forbes, Тоҷикистон дар масъалаи ҳимояи сармоягузор, озодии тиҷорат ва коҳиши расмиёт каме пеш рафта, мувофиқан ҷойҳои 24, 55 ва 64-умро соҳиб гардидааст. Дар маҷмӯъ, Forbes бо назардошти 9 омил, Тоҷикистонро дар рӯйхати 141 давлати беҳтарин барои соҳибкорӣ, дар зинаи 111-ум ҷой додаст, ки миёни Нигерия ва Камбоҷа қарор дорад.

Тибқи баҳогузориҳои ин маҷалла ба сегонаи беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ, Зеландияи Нав, Дания ва Ҳонг-Конг дохил шудаанд. Кишварҳои ақибмондатарин Зимбабвия, Чад ва Гвинея арзёбӣ мегарданд.

Дар Тоҷикистон ба навиштаи Forbes, фасод, ислоҳоти заифи сохторӣ, идораи сусти давлатӣ ва бори қарзи хориҷӣ боис шудаст, ки вазъи иқтисодӣ ҳамоно номӯътадил боқӣ монад. Дар қатори иттилооти дигаре, ки Forbes ба сармоягузорони эҳтимолии Тоҷикистон пешкаш мекунад, пойбандии ин кишвар ба маҳсулоти воридотӣ мебошад. Таҳлилгарони маҷалла ҳисоб кардаанд, ки 60 фоизи маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон аз берун ворид мегардад.

Ин маҷалла инчунин зикр кардаст, ки таъминкунандаи асосии рушди иқтисодӣ ва мӯътдилияти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон як миллион муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, ки дар Русия фаъолият доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi