04:44:36 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАЗОРАТ БАРОИ МУОЛИҶАИ БАРЗУ АЗ САФОРАТИ РУСИЯ КӮМАК ХОСТ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз сафорати Русия дар Душанбе дархост кардааст, ки барои муолиҷаи Барзу Абдураззоқов, кӯмак кунад.

/images/stories/2012/11/02_barzu_abdurrazzoq-021112.jpgДафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр ба мо гуфт, дар номае, ки вазорати ба сафорати Русия ирсол доштааст, гуфта мешавад, ки феълан коргардони тоҷик Барзу Абдраззоқов дар бемористони ба номи Гелмголтсии шаҳри Маскав таҳти муоинаи ва табобати пизишкон қарор дорад ва барои ҷарроҳӣ ва муолиҷаи он маблағи зиёде лозим меояд.

Аз ин рӯ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тақозо кардааст, ки мақомоти зидахли ҳукумати Русия барои сарфу харҷи табобати коргардони тоҷик мусоидат кунанд. Дар ҳамин ҳол як намояндаи сафорати Русия рӯзи ҷумъа ба мо гуфт, ки воқеан аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ин мазмун нома ворид шудааст ва барои иҷрои ин дархост сафорати Русия ҳатман чораҷуӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов гуфт, ки дар суҳбати телефонӣ Барзу аз беҳбудии биноии худ хабар додааст. Қаблан, ки худи Барзу биноии худро 5 дарсад мегуфт, ҳоло тавоноии чашмонаш ба 18 дарсад расидааст.

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театри Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр зимни убур аз хиёбони Исмоили Сомонӣ ба тарафи Театри опера ва балети ба номи Айнӣ ба як худрави тамғаи «Мерседес-бенз» бархӯрд, ки бо сараш ба замин афтод. Ӯ қаблан ба мо гуфта буд, ки барои як ҳунарманди театр аз даст додани биноии чашм фоҷеаи сангин аст. Вай афзуд, ки ронандаи «Мерседес»-ро бахшидааст ва дар нисбати ӯ даъвое надорад.

Мавсими театрии имсола дар театри Лоҳутӣ бо намоишномаи "Хидматгори ду хоҷа"-и адиби итолиёвӣ Карло Голдонӣ шурӯъ шуд, ки ин намоишномаро Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, ба саҳна гузоштааст. Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик соли гузашта дар 13 ҷашнвораи байнулмилалӣ ширкат кард, ки охиринаш дар Эрон буд.

Яке аз намоишҳои таҳиякардаи ӯ бо номи "Девонагӣ. Соли 93", ки бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат"рӯи саҳна омад ва бо вуҷуди он, ки аз ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронсаро ҳикоят мекард, аммо аз ҷониби вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ гардид.

Танҳо пас аз танқиди зиёда дар матбуот, ба Театри ба номи Маяковский иҷозат шуд, ин спектаклро намоиш диҳад. Асари дигари Барзу Абдураззоқов бо номи “Табиби зӯракӣ” дар Ҷашнвораи театрҳои хиёбонӣ дар Эрон, яке аз ҷоизаҳои асосиро ба худ ихтисос дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi