02:17:49 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲКУМИЯТИ ШАШ "ҚОЧОҚБАРИ ТОҶИК" ДАР ТОТОРИСТОН

Додгоҳи олии Тотористон 6 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки шомили як шабакаи қочоқи мухаддирот будаанд, маҳкум ба зиндон кард. Дафтари Хадамоти федеролии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия рӯзи 1-уми ноябар ба хабаргузориҳои гуфтааст, ки аъзои ин шабакаи байналмилаии қочоқи маводи мухадир аз 9 то 17 сол аз озодӣ маҳкум карда шуданд.

/images/stories/2012/11/02_tatarstan-021112.jpgБа иттилои манбаъ, шабакаи мазкур аз соли 2009 ба ин тараф фаъол буда, афроди алоҳида дар Тоҷикистон тариқи ҳавопаймо рӯи хати сайри «Душанбе – Қазон» ва ё «Душанбе–Оренбург» онро бо ҳероин таъмин мекардааст. Ин афрод ҳероинеро, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешавад бо нархи як кило 1000 доллар ба аъзои ин шабака, ки аслан сокинони шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон будаанд, ба Тотористон мерасондаанд.

Раҳбари ин гурӯҳ, ки Маҳмадулоев ном бурда шудааст, ба воситаи наздиконаш маблағи маводи мухаддирро тариқи суратҳисоби бонкӣ ба шаҳри Кӯлоб ирсол мекардааст.

Аз моҳи апрели соли 2009 то декабри соли 2010 Маҳмадулоев тавонистааст, ки маблағи 3 ҳазору 650 долларро ба ҳамдастони худ дар Тоҷикистон интиқол диҳад. Бино ба иттилои Додгоҳи олии Тотористон, ки аз тариқи расонаҳо пахш шудааст, охирин узви ин гурӯҳ, як зан бо насаби  Д. Назирова, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, дар фурӯдгоҳи «Қазон» бо 29 капсулаи ҳероин дар меъдааш боздошт мешавад, ки 200 грамм вазн доштааст.

Аслан таъминкунандагони маводи мухаддир дар меъдаи худ бо капсулаҳои ҳероинро интиқол медодаанд. Ба иттилои Додгоҳи олии Тотористон, махфигоҳҳои ин шабакаи қочоқбар дар навоҳии мухталифи Тотористон соли 2010 ошкор шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi