05:02:23 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 24 25
26 27 28 29 30    

МУНОҶОТИ ЗОИРОНИ ХОНАИ ХУДО

Аввалин зоирини тоҷикистонӣ низ дар қатори миллионҳои мусалмонони ҷаҳон озими хонаи Худо шуданд. Онҳое, ки дар ҳақиқат, ин фаризаи дини мубини Исломро самимона аз таҳти дил ба ҷо оварданиянд бо ин нидо ба сӯи Парвардгори хуш рӯй оварданд:

/images/stories/2012/10/01_hajgen-011012.jpg«Эй бахшандатарини бахшандагон. Ва эй каримтарини каримон, бо бовар ва яқин ба сӯйи Ту рӯй овардем ва оҳанги байтулҳароми Ту кардем. Худат моро дар анҷоми маносик ёрӣ кун. Ҳаҷҷи моро комил фармо, аз мо даргузар. Ва ба мо саломат ва офият ато кун, ки дастҳоямонро ба сӯи Ту кушодаем.

Дастҳое, ки намоишгари эътирофе ба гуноҳ ҳаст. Худоё, дар ин шомгоҳон он чи аз Ту талаб кардем, ба мо бирасон. Ва он чи аз Ту хостем, иноят кун, ки ҷуз Ту касе чорасоз нест. Ва ҷуз Ту парвардгоре надорем. Худоё, ҳукми Ту дар миёни мо нофиз аст ва доварият бар асоси адолат аст. Барои мо хайру хубӣ муқаддар фармо ва моро аз аҳли хайр қарор деҳ. Худоё, бо ҷуд ва бахшиши Худ барои мо подоши бузург ва захираи арҷманд ва тадовуми осоиш муқаррар фармо.

Эй меҳрбонтарини меҳрбонон, тамоми гуноҳони моро биёмурз ва моро ҳамроҳи табоҳшудагон ҳалок макун ва меҳрубонӣ ва раҳмататро аз мо дареғ мадор. Худоё, эй соҳиби шукӯҳмандӣ ва эй дорои каромат, дар ин лаҳазоти ноб моро аз он гурӯҳ қарор деҳ, ки чун аз Ту хостанд ба онҳо ато кардӣ ва чун сипоси Туро гуфтанд ба онон фузунӣ бахшидӣ ва чун ба даргоҳи Ту тавба оварданд, пазируфтӣ. Ва чун аз тамомии гуноҳони худ буриданд, қабулашон кардӣ.

Худоё, моро пок кун ва ба роҳи рост ҳидоятамон фармо ва зории моро бипазир. Ай беҳтарин кас, ки аз Ӯ дархост мекунанд, Ва ай меҳрбонтарин касе, ки аз Ӯ талаби шафақат менамоянд. Ай Худое, ки ба ҳам ниҳодани пилкҳо ва нигоҳҳои махфӣ ва тунд орзуҳои ниҳонӣ ва розҳои нуҳуфта дар кунҷи дилҳо бар Ӯ пӯшида нест, балки ҳамаи онҳо дар ҳавзаи доноии Ӯ ва дар паҳнаи васеи ҳилму бурдбории Ӯст.

Худоё, Ту бисёр муназзаҳтар ва бартарӣ аз он чи ситамкорон мегӯянд. Осмонҳои ҳафтгона ва заминҳо ва ҳар он ки дар онҳост, тасбиҳи Ту мегӯянд ва ҳеҷ чизе нест, ки тасбеҳи Ту нагӯяд. Туро сипоси бузургӣ, бартарӣ ва баландӣ аст».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi