БОЗОРИ ОРДИ ТОҶИКИСТОН ПОЙБАНДИ БОЗОРИ ХОРИҶА АСТ
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории кишвар яке аз сабабҳои афзоиш ёфтани нархи ордро дар Тоҷикистон болоравии арзиши гандум дар бозори ҷаҳонӣ унвон намуданда, мегӯянд ин омил дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми интизории ғалладона дар кишварҳои истеҳсолкунанда, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, ИМА ба вуҷуд омадаст.
Афзоиши навбатии қимати орд дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба қайд гирифта шуд, ки ба қавли харидорон як халтаи 50 киллограмии орди навъи якуми қазоқӣ 20-30 сомонӣ қиматтар шуда, 165-175 сомониро ташкил медиҳад.
Ба қавли масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ, пойбандии бозори орди кишвар ба хориҷа ва номуназзамии воридоти он низ ба гаронашвии нархи ин навъи маҳсулот таъсир расонидааст.
Тибқи иттилои хадамоти мазкур дар моҳҳои июн-июли соли равон воридоти орду гандум ба кишвар, аз ҷумла ба шаҳри Душанбе нисбатан кам шудаст.
Тайи ин ду моҳ воридоти орд ба пойтахт 38,3 фоиз ва гандум 7,9 фисад коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа талабот аз пешниҳод бештар шуда, мувозинати талаботу пешниҳод вайрон гардидааст, ки ин дар навбати худ барои афзоиши нархҳо мусоидат кардааст.
Дар маҷмӯъ тайи 7 моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 210,2 ҳазор тонна орд ва 395,7 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд ҳудуди 1,7 миллион тонна гандум ё 1,1 миллион тонна орд арзёбӣ мешавад.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна