18:30:02 02-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ФОИЗА ҲОШИМӢ - ДУХТАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ПЕШИНИ ЭРОН

Имрӯз духтари собиқ президенти Эрон Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ бо ҷурми таблиғи зидди низом, ба муддати шаш моҳ зиндонӣ шуд.

/images/stories/2012/09/23_foiza-hoshimi-230912.jpgМақомоти Эрон Фоиза Ҳошимиро рӯзи шанбе баъди бозгашташ аз Лондон ба ҳабс гирифтанд. Муҳокимаи духтари президенти собиқ моҳи январ барпо шуда, ҳамон вақт ӯро гунаҳгор эълон карданд, вале дахолати Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ боис шуд, ки мақомот аз иҷрои ҳукм худдорӣ намоянд.

Фоиза Ҳошимӣ-собиқ узви парламенти Эрон, собиқ раиси Федератсияи варзиши занон ва ҳомии шинохтаи ҳуқуқи зан аст. Дар баробари ҳабси шашмоҳа Фоиза Ҳошимӣ дар давоми панҷ соли оянда аз ҳаққи ширкат дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва рӯзноманигорӣ маҳрум шудааст.

Хабари боздошти Фоиза Ҳошимӣ дар ҳоле мунташир шудааст, ки гузоришҳое дар хусуси вуруди бародараш Маҳдии Ҳошимӣ ба Эрон ва эҳтимоли боздошти вай низ интишор ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», рӯзи шанбе «донишҷӯёни Донишгоҳи Теҳрон» барои «мутолиба»-и муҳокимаи Маҳдии Ҳошимӣ дар фурудгоҳи имом Ҳумайнии Теҳрон ҷамъ омаданд.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, пас аз ба замин нишастани чанд ҳавопаймо, хабаре аз Маҳдии Ҳошимӣ нашуд ва таҷаммӯъкунандагон толори фурудгоҳро тарк карданд.

Тибқи гузоришҳо, таҷаммӯъкунандагон хостори бархӯрди дастгоҳи қазоӣ бо Маҳдии Ҳошимӣ барои нақши вай дар эътирозҳои соли 2009 шудаанд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 24.09.2012 12:56
mardum va hukumati mo ham az mardum va hukumati eron ulgu bigirand. dar eron hukm baroi hama musovi va yakson ast. fark namekunad ki bachai prezident ast yo dehkon .hukm baroi hamai afrodi eron yakson ast. misli hukumat va tjk nest ki bachai telexi falon vazir yo rais bioyad va bukagi kunad. dar tjk hatto chuponi xonavodai janob oliro nameshavad nigoh kard. kujo rasad ba zanu bachavu domodu xusurbachai hukumat doroni mo. konun dar tjk hamon hukumat doron va xonavodavu xeshu taboroni onho meboshad .har xel xohand megardand har kor xohand mekunand. va hij kas ham hakki gap zadani onhoro nadorad. kay mo hukumati odilona mekunem?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854