18:12:40 02-уми Июни 2025 сол

АФСАРИ НЕРӮҲОИ МАРЗБОНӢ БА 18 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва таҷовуз ба номус, ба 18 соли зиндон маҳкум шудаст.

/images/stories/2012/09/21_marzbonon-210912.jpgҚозии мурофиа Исмоил Мирмахсумов ба “Азия Плюс” гуфтааст, додгоҳи низомии гарнизони Хатлон, сардори қитъаи марзбонии «Кокул» Ҷовидон Абдуллоевро барои қочоқи маводи мухаддир ва таҷовуз ба номус, ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ду афсари дигари ҳамин қитъаи марзбонӣ Ғайрат Шарифов ва Саидмуроди Тағоймурод низ барои қочоқи маводи мухаддир мутаносибан ба 14 ва 13,5-соли маҳкум ба зиндон шуданд.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ошкор шудааст, Ҷовидон Абдуллоев бо қочоқбарони афғонӣ иртибот барқарор намуда ва аз он сӯи дарё ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол медодааст.

Аз ин қабл ноиби фармондеҳи гузаргоҳи марзии Кокул Наҷибуллоҳ Носиров ва Диловар Даматов бо ҷурми фурӯхтани беш аз 5 кило ҳашиш ва 1 кило афюн маҳкум шуда буданд. Додгоҳ ҳардуро аз унвонҳои низомӣ низ маҳрум карда буд.

Гузаргоҳи «Кокул» воқеъ дар ноҳияи Фархор, ягона гузаргоҳи расмист, ки навоҳии минтақаи Кӯлобро бо Афғонистон мепайвандад.

Гузаргоҳи «Кокул», ягона гузаргоҳе буд, ки солҳои 1996-2001 ба нерӯҳои Эътилофи шимол дар Афғонистон бо сарварии Аҳмадшоҳи Масъуд тариқи он кӯмак расонида мешуд, зеро дар ин солҳо тамоми дигар гузаргоҳҳо бо Тоҷикистон дар ихтиёри Толибон қарор доштанд. Шоҳидон мегӯянд, аз ин дидбонгоҳ ба минтақаҳое, ки таҳти тасаруфи Толибон набуданд, маводи озуқа ва сӯзишворӣ  интиқол дода мешуд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 24.09.2012 13:00
dolyara kam dodian da . e bechoraho namedonan ki hozi in bizness dar dasti hukumat doron ast. diga melichihoda xleb nest. rost hamin ast ki guftam dolya nadodian.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854