22:50:26 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

УСТОД МУҲАММАДҶОН ШАКУРӢ ДАРГУЗАШТ

Донишманди саршиноси тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ рӯзи якшанбе дар сини ҳаштоду ҳафт солагӣ, аз дунё даргузашт. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз чанд рӯз ба ин тараф дар бемористони Ибни Синои Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор дошт.

/images/stories/2012/09/16_ustod-shakuri-160912.jpgБемористони Ибни Синои пойтахт тайи як изҳороти расмӣ эълон ки кард, "ки Муҳаммадҷон Шакурӣ пас аз бемории тӯлонӣ соати 3:47 дақиқаи субҳи якшанбеи 16-сентябр дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар сини ҳаштоду ҳафт солагӣ  вафот кард. Устод Шакурӣ бо ташхсиси саратони ғадуди простата бо метазтаза ба устухонҳои кос ва сутунмӯҳра ва аворизи мухталифи ин беморӣ, дар таърихи 5-уми сентябри соли 2012 дар ин бемористон бистарӣ шуда ва аз соати 17-и рӯзи 14-уми сентябр дар ҳолати кома ва дар зери дастгоҳи маснуии танаффус қарор дошт."

Маросими ҷанозаи устод Шакурӣ рӯзи душанбеи 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва ӯ дар гӯристони Лучоб ба хок супурда хоҳад шуд. Устод Шакурӣ, ки 86 сол дошт, бештар аз дарди гурда ранҷ кашида, барои муолиҷа ба Эрону Бритониё низ сафар карда буд. Ӯ тақрибан моҳе пештар аз муолиҷаву дармон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе баргашта буд.

Дар як сӯҳбат бо мо устод Шакурӣ гуфта буд, беҳоливу бемадории пойҳояш ӯро азият медиҳанд. Дар ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ дар Душанбе, ки дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфт, филми "Ҷони Дилафрӯз" дар бораи рӯзгору осори Муҳаммадҷон Шакурӣ низ ба намоиш гузошта шуд. Дар муаррифии ин филм масъулони Би-би-сӣ гуфтанд, ки устод Шакурӣ ба далели маризӣ натавонист дар ин маҳфил иштирок бикунад. Ҷомеа фарҳангии Тоҷикистон даргузашти устод Шакуриро талафоти бузург барои фарҳанг ва адабиёти тоҷик хонданд.

Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, устод Шакуриро шахсияти фавқулодда, беҳамто ва фаромиллие хонд, ки дар таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ ва фарҳанги тоҷикӣ ва кишварҳои ҳамзабон, нақши муассир ва бузург гузоштанд: «Имтиёз ва фазилати устод дар он буд, ки бо ин вуҷуд, ки синашон аз ҳаштод боло буд, вале ақли ҷавон доштанд. То охирин лаҳзаҳои ҳаёташон ба таҳиқиқу омӯзиши таърих машғул буданд. Аз ин хотир даргузашти эшон барои мардуми тоҷик ва мардумони кишварҳои форсизабон ва фарҳанги минтақа, як талафоти бузурге аст.»

Аҳмадшоҳи Комилзода, дабири масъули ҷунбиши "Растохез" дар солҳои аввали даҳаи навад зимни ишора ба нақши устод Шакурӣ дар эҳёи андешаи миллӣ гуфт:

“Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ бо дарки масъулияти амиқи миллӣ ва ватандории худ ба созмони "Растохез" пайваста буд. Яке аз роҳбарони он буд. Ӯ раҳбарии кумиссюнҳои таҳияи бисёре аз барномаҳои ин созмонро бар ӯҳда дошт. Аз ҷумла кумиссюнеро, ки тарҳи Консепсияи мактаби нави миллиро таҳия мекард, ба ӯҳда дошт. Ҳузури ӯ барои ҷунбиши миллӣ хеле муҳим буд ва ӯ ҳам аз ҷойгоҳи хосе дар ин созмон ва умуман ҳаракати миллӣ бархӯрдор буд ва ин ҷойгоҳ мондагор аст.”

Муҳаммадҷон Шакурӣ аз донишмандони маъруфи Тоҷикистон аст, ки соли 1925-ум дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945-ум хатм карда, фаъолияти кориашро дар нашрияи "Тоҷикистони Сурх" оғоз бахшидааст.

​​Устод Шакурӣ тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардаст. Ӯ тӯли ин муддат ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотии пурарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ ба чоп расонидааст. Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" мебошад, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе ва хориҷ аз он ба нашр расидааст.

Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду доктори улуми таърих ва филологияанд, ки дар Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Шахло Махмудзода 16.09.2012 16:13
"Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун"! Устоди гироми илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили oхиратат ободу пурнур бошад! Рафтию талоши руху чонат бокист,
Ёди ту чу чони хонадонат бокист.
То мо ба чахон ному нишоне дорем,
Махбуб Устод ному нишонат бокист.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi