16:09:30 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАШНИ "80-СОЛАГИИ ХОРУҒ" БЕ ПРЕЗИДЕНТ МЕГУЗАРАД

Бино ба иттилои мақомоти ВМКБ, Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввали ҳафтаи оянда аз шаҳру навоҳии вилоят боздид мекунад.

/images/stories/2012/09/12_shahri-khorugh-120912.jpgАммо ҷашни "80-солагии Хоруғ", ки гуфта мешуд сарфи назар аз амалиёти низомӣ дар Бадахшон бо иштироки мақомоти баландпоя баргузор хоҳад шуд, акнун бидуни ширкати президент мегузарад. Мақомот мегӯянд, ин маърака моҳи октябр  таҷлил мешавад.

Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон боздид аз корхонаи нави дӯзандагӣ барои 200  коргар дар Хоруғ ва дидору гуфтугӯи ӯ бо сокинони шаҳр дар назар аст. Ба иттилои мақомот, дар баробари намояндагони идораҳои ҳукуматӣ ҳамчунин 40-нафарӣ аз маҳаллаҳои шаҳр ба мулоқот бо раисиҷумҳур даъват шудаанд.

Сокинон интизор доранд, ки дар дидору гуфтугӯ бо шахси аввали ҷумҳурӣ суҳбати ошкоре ҷараён бигирад. Аммо мақомоти вилоятӣ аз меҳмонони даъватӣ хоҳиш кардаанд, ки дар ҷараёни мулоқот аз "аз шӯру ғавғо дар назди микрофон" худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол манобеи мақомоти маҳаллӣ имкони мулоқоти раисиҷумҳур бо собиқ намояндагони мухолифинро, ки номҳояшон дар ҳаводиси охир садо доданд, рад карданд. Ҳарчанд қаблан мақомот афв шудани ширкатдорони ҳаводиси Хоруғро аз имкон дур намедонистанд.

Сафари раисиҷумҳур аз ноҳияи Рӯшон ва ширкат дар маросими ба истифода додани мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои хонандагон ва таъсиси интернат барои калонсолон оғоз мешавад. Дар маркази навтаъсиси ноҳияи Шуғнон, воқеъ дар деҳоти Поршинев, лентаи рамзии бинои мақомоти маҳаллӣ ва бонкҳо  бурида мешавад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 14.09.2012 21:56
xay meraft kushtagihosha ya tasliat meguft bad nabud. ay izosha naraftayda.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi