17:41:57 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОТАШСӮЗӢ ДАР БОЗОРИ «КОРВОН»

Рӯзи чоршанбеи 5-уми сентябр тақрибан соати 17-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе дар қисмати матоъфурӯшии бозори «Корвон» (ҳангоми аз Душанбе ба Қӯрғонтеппа сафар кардан дар тарафи рости ин шоҳроҳ воқеъ гаштааст) сӯхтор ба вуқӯъ пайваст.

/images/stories/2012/09/05_bozori-korvon-05092012.jpgСӯхтор дар як лаҳзаи хеле кӯтоҳ масоҳати хеле  калони ин қисмати бозорро фаро гирифт. Мошинҳои оташнишонии шаҳр агарчӣ ба ҷои ҳодиса хеле тез расида бошанд ҳам, вале аз сабаби он ки оташ масоҳати калонро фаро гирифта буд ва дар маҳалли ҳодиса шамол мевазид, натавонистанд пеши вусъат гирифтани оташсӯзиро бигиранд.

Тоҷироне, ки дар маҳали ҳодиса буданд, талош мекарданд молҳои худро аз нобудшавӣ наҷот бидиҳанд. Вале аксаран дар ин кор ноком монданд. Аз масъулини бозор касе ҳозир нашуд, ки дар бораи сабабҳои оташсӯзӣ ва хисороти он ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» посух бидиҳад. Ҳамин чизро дар бораи гурӯҳи оташнишонҳо низ гуфтан мумкин аст.

Вале ба гуфтаи шоҳидони айнӣ як нафар аз тоҷирон, ки касалии сактаи дил доштааст, баъди расидан ба ҷои воқеа  ва дидани манзараи ба хокистар табдил ёфтани дуконаш «оҳ, сӯхтам» гӯён ҷон додааст. Чанд нафар тоҷири дигар ҳангоми  наҷоти молҳояшон ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд. То ин лаҳзаҳо, ки соат 23 ба вақти Душанбе  мебошад, ба оташнишонҳо ҳанӯз муяссар нашудааст, ки сӯхторро хомӯш кунанд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз ҷараёни ин ҳодисаи фоҷиабор як силсила акс ба навор гирифтааст, ки ҳамакнун онҳоро шумо аз гӯшаи «Аксҳо» метавонед тамошо кунед.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 08.09.2012 01:31
хама кор дар зиндаги шуданист ва мешуданист.худо ванд мардуми точикро дар панохи худ нигах бидорад
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi