18:18:42 01-уми Июни 2025 сол

ОҲАНДУЗДОНРО ДАР ДУШАНБЕ БОЗДОШТ КАРДАНД

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятиро боздошт кардаанд.

/images/stories/2012/05/01_arest_1512.jpgДафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе 1-уми май иттилоъ дод, ки кормандони ин вазорат дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки шабона сарпӯшҳои оҳанини хатҳои обро дуздида ба нуқтаҳои оҳанфурӯшӣ мебурдаанд.

Ин гурӯҳ шабҳангом вақте шаҳр холӣ мешавад, ба кӯчаҳо баромада сарпӯши лӯлаҳои обе, ки дар миёнаи роҳҳои мошингард гузошта шудаанд, ғорат мекунанд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти вазорати умури дохила, пас аз шикояти пайвастаи Идораи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», дар як амалиёт ду нафар аз аъзои ин гурӯҳ -- сокинони шаҳр Ҷумъахон Идиев ва Сангиаҳмад Гадоев боздошт гардиданд. То кунун онҳо сарпӯшҳои оҳанинро ба маблағи 694 сомонӣ дар қабулгоҳи оҳанпора  фурӯхтаанд.

Идораи  воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» мегӯяд, ки чунин вазъият танҳо хоси ноҳияи Фирдавсии пойтахт набуда, вақтҳои ахир дуздидани сарпӯши оҳанини болои хатҳои об бештар шуда, тақрибан дар ҳар гӯшаи пойтахт мушоҳида мешавад.

Тибқи итттилои Вазорати умури дохила, хусусан дар роҳҳои мошингузар набудани сарпӯшҳои болои лӯлаҳои об барои ҳаракати нақлиёт бисёр хатарзо мебошад.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854