ПЕШВОИ ИСМОИЛИЁНИ ҶАҲОН БОЗ ДАР ДУШАНБЕ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад.
Бино ба иттилои Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот барномаҳои ҳамкории Бунёди Оғохон бо Тоҷикистон ва ҷараёни иҷрои тарҳҳое, ки ин бунёд дар кишвар сармоягузорӣ мекунад, баррасӣ хоҳанд шуд.
Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон фаъолиятип густарда дорад ва бо мусоидати шабакаи рушди он тарҳҳои зиёде амалӣ шудааст, ки муҳимтарини онҳо сохтмони чаҳор пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ миёни Тоҷиикистон ва Афғонистон, сохтмони меҳмонхонаи паҷнситораии "Серена" дар Душанбе мебошанд.
Дар ҳоли ҳозир сохтмони як пули дигар бо мусоидати бунёди Оғохон дар рӯдхонаи Панҷ дар ноҳияи Шӯрообод дар ҳоли эҳдос аст. Ахиран мақомоти Тоҷикистон танҳо ҷамоатхона ва Маркази исмоилиён дар Душанберо ҳам сабти ном карданд. Ин марказ низ бо мусоидати Бунёди Оғохон сохта шудааст.
Оғохони 4 дар охири соли гузашта аз Тоҷикистон дидан карда буд. Сафари Оғохони чорум аз қабл эълон нашуда буд ва гуфта мешавад, ин сафар якрӯза хоҳад буд.
«Озодӣ»