03:31:13 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗУҲУРОВ: "ИНТЕРНЕТРО БА БОЗОРИ СИЁҲ ТАБДИЛ ДОДААНД"

Раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти дастрасӣ ба "Фейсбук"-ро мушкили фаннӣ хонд. Бег Зуҳуров , раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи маъруфи "Фейсбук" мушкили фаннӣ аст. Ӯ дақиқ шарҳ надод, ки ин мушкил сари чист, аммо афзуд, дар наздиктарин фурсат ин мушкилро рафъ хоҳанд кард.

beg-zuhurovҶаноби Зуҳуров ҳамзамон бо радди "супоришӣ" будани маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо гуфт, "вақтҳои охир интернетро ба бозори сиёҳ табдил додаанд. Баъзеҳо вориди он шуда, ҳақорату дашном менависанд, сафсата менависанд, вале дар зери он имзояшонро намегузоранд. Мардум ба мо шикоят мекунанд, ки чаро гапҳои дурӯғро менависанд. Обрӯи интернетро паст мезананд. Мардум аз ин даст мекашад. Мо интернет овардем, ки ба мардум бифрӯшем, намехаранд."

"Ин чиз моро водор кард, ки чораҷӯӣ кунем ва аз ин падида ҷилавгирӣ намоем",-таъкид кард Бег Зуҳуров.

Ин дар ҳолест, ки Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет гуфт, дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз (5-уми март) онҳо тасмим гирифтаанд, як баёния дар робита ба вазъи пешомада интишор диҳанд.

Аз рӯзи шанбе (3-юми март) ба ин сӯ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва чанде аз сомонаҳои интернетӣ маҳдуд шудааст. Бино ба иттилои бархе манобеи наздик ба ширкатҳои мухобиротӣ, ин тасмим дар пайи як номаи оҷили Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст.

Дар ин нома аз ширкатҳои мухобиротӣ дархост шудааст, ки "вобаста ба ҳолати ба амаломада", дастрасӣ ба чанд сомона, аз ҷумла шабакаи Facebook.com ва сомонаи русии  Zvezda.ru ва Tjknews.com- ро қатъ намоянд.

«Озодӣ»

 




Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi