17:30:56 01-уми Июни 2025 сол

ЭЪТИРОЗИ ТОҶИРОН ДАР КӮЛОБ

Кормандони бозори техникии «Лола» дар Кӯлоб даст ба эътироз заданд ва дари дӯконҳои худро ба рӯи харидорон бастанд. Эътирози 300 тоҷири ин бозор ба боло бурдани иҷораи ҷойи савдо бастагӣ дорад.

etiroz-kulobЭътирозгарон соати 8-и имрӯз, 26-уми феврал нахуст назди идораи ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҷамъ омаданд, аммо масъулини ҳукумат ба онҳо ваъдаи вохӯрӣ ва шунидани арзашонро дар назди ин бозор доданд. Тоҷирони бозор мегӯянд, дар ҳоле, ки савдои хуб надоранд, соҳиби бозор 20 сомонии дигар иҷораи ҷойи фурӯшашонро дар як моҳ афзоиш додааст, ки ин бар суди онҳо нест.

Нуралӣ Ҳасанов, раиси ин бозори хусусӣ дар назди эътирозгарон гуфт, "ҳаққи иҷораро наметавонад коҳиш диҳад, зеро аз фаъолияти бозор ӯ ҳам андози бештар месупорад."

-Касе мехохад, бо хамин нарх фаъолият кунад, намехоҳад, ҷавоб,- гуфт Ҳасанов.

Дар хамин ҳол Рустам Неъматов, муовини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз норозиён талаб кард, ки бо раиси бозор ҳамдигарфаҳмӣ кунанд: "Ин он қадар гап набудааст, ҳамагӣ дар як мох 20 сомонӣ супурдан чӣ ҳаст? Ҳеҷ мушкил нест, супоред ва савдо кунед, зарар намебинед."

Дар ҳоле, ки эътирозгарон қонеъ нашуда буданд, муовини раиси шаҳр ҳамроҳ бо раиси бозор онҳоро тарк карда буданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854