13:00:33 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФИ ХОНАНДАГОНИ «АДАБИЁТ ВА САНЪАТ» ЗИЁД ШУДААСТ

Ҷаласаи ҳисоботии солонаи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» баргузор гардид, ки дар кори он широну нависандагон, мунаққидон ва бархе аз журналистони дигар расонаҳо ширкат карданд.

/images/storiesdabiyotБояд гуфт, ки имсол ин ҷаласаи анъанавии минбари расии эҷодкорони Тоҷикистон дар вазъияте мегузарад, ки аҳли қалами кишвар баъди рӯзҳои башуморе 11-уми марти соли равон 100 солагии ба нашр расидани нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф»-ро ҷашн мегиранд.

Сармуҳаррири ҳафтанома, нависандаи маъруф Кароматуллоҳи Мирзо дар бораи фаъолияти яксолаи ҳафтанома дар соли 2011 ба ҳозирин маълумоти мухтасар дод. Бино ба гуфтаи Кароматуллоҳи Мирзо дар соли сипаришуда теъдоди ба 7 ҳазор нусха расид, ки ин дар муқоиса бо ду се соли қабл хеле зиёд аст.

adabiyotДар ин кор пеш аз ҳам саҳми кормандони ҳафтанома хеле зиёд аст. Алоқа бо мардум ва сохторҳои ҳукуматии дар маҳалҳо буда мустаҳкамтар шудааст, ки ин дар натиҷа зиёд шудани муштариёни ҳафтаномаро таъмин намудааст. Махсусан сафи муштариён дар минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе хеле зиёд гардид.

Вале дар муқоиса сафи муштариён дар вилояти Суғд хеле ночиз аст. Кароматуллоҳи Мирзо қайд намуд, ки агарчи онҳо ҳанӯз ҳам аз сӯи лавлат маблағгузорӣ мешаванд, вале акнун панҷоҳ дар сади ин маблағ аз ҳисоби фурӯши ҳафтанома пӯшонда мешавад.

Дар ҷаласа нависандаи маъруф Сорбон, шоир Рустами Ваҳҳоб, мунаққиди шинохта Абдунабӣ Сатторзода дар бораи ҳусну қубҳи маводҳои насрӣ, назмӣ ва нақди адабии ҳафтанома бо маърӯзаҳои иловагӣ ибрози андеша намуданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi