20:13:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАЛОКАТИ 5 ТАН БАР АСАРИ ЗАҲРОЛУДШАВӢ ДАР КӮЛОБ

Бар асари истеъмоли ғизои заҳролуд шаби гузашта панҷ нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб ҳалок гардиданд. Ба иттилои Идораи тандурустии минтақаи Кӯлоб, дар маҷмӯъ 22 нафар заҳролуд шуда ва дар ҳоли ҳозир 4 тани онҳо аз бемористон берун омада, вале 13 нафари дигар ҳанӯз бистарӣ мебошанд. Маълумотҳои аввали ҳикоят аз он мекунад, ки заҳролудшавии ин афрод бар асари истеъмоли хӯроки «атола» рух додааст.

bemorИн ҳодиса дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки меҳмонони зиёде дар маросими ҷанозаи як сокини Кӯлоб иштирок мекарданд. Пас аз маросими ҷаноза дар хонаи Ориф Ҳайдаров ном як сокини шаҳр, барои ҳозирон хӯроки аз гиёҳҳо омода шуда пешкаш гардидааст. Гуфта мешавад, як зани ошпаз, ки барои ин маросим хӯрок омода мекардааст, ба ҷои намаки ошӣ, аз хокаи дигар истифода кардааст.

Дар миёни фавтидагон сокинони дигар ноҳияҳои кишвар низ ҳастанд ва ба гуфтаи мақомот, ҷасадҳои онҳо ба ҷои зисташон интиқол дода шудаанд. Масъулони маҳалӣ ин фоҷиаро "ҳодисаи нохуш" меноманд ва мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир сабабҳои заҳролудшавии ин афрод аз сӯи пизишкон омӯхта мешавад.

Дар ҳамин ҳол вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратуллоҳ Салимов ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов ба аёдати заҳролудшудагон рафтаанд. Мақомот гуфтаанд, тафсилоти ин ҳодисаро баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар ихтиёри хабарнигорон қарор хоҳанд дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi