05:37:10 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАРКИШИ БАЛОНИ ГАЗ ДАР АВТОБУСИ НАҚЛИЁТӢ

Имрӯз, 17-уми феврал, тақрибан соати 3-и баъд аз зӯҳр дар назди бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар наздикиҳои стадиони «Пахтакор»- маркази вилояти Хатлон ҷойгир шудааст, як балони гази автобуси мусофирбари тамғаи ПАЗ, рақами давлатиаш 34-97 В 01 таркид.

tarkishБа гуфтаи шоҳидони айнӣ таркиш вақте ба амал омад, ки тамоми мусофирони автобус онро тарк карда буданд. Дар натиҷаи таркиш, хушбахтона, касе ҳалок ва ё захм набардоштааст. Зарбаи мавҷи таркиш раҳгузареро аз ҷои воқеа дур партофтааст, ки дар натиҷа пояш андаке лат хӯрдааст. Сабаби таркишро шоҳидон  дар дуруст риоя накардани қоидаи бехатарии истифодаи газ арзёбӣ намудаанд.

Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» сабаби инфиҷори балони газ дар нақлиёти мусофиркашонӣ дар чӣ будааст, навбатдори Вазорати корҳои дохила аз ба вуқӯъ омадани чунин воқеа дар шаҳри Қӯрғонтеппа изҳори беиттилоӣ намуд.

Дар зер навори видеоиеро аз ҷои ҳодиса манзуратон мекунем.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi