08:09:01 04-уми Июни 2025 сол

ПУТИН АЗ МУҲОҶИРОН ИМТИҲОН МЕГИРАД

Владимир Путин қавл дод, ки дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми раисиҷумҳур ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ поён медиҳад. Дар мақолае дар торнамои тарғиботии хеш, Владимир Путин хостааст, то қонунҳои муҳоҷират дар Русия сахттар шавад.

Айни замон ӯ аз авҷ гирифтани миллатгароӣ дар Русия интиқод карда ва ҳушдор додааст, ки фаъолияти аҳзоби миллатгароро мамнӯъ хоҳад кард. Ба гуфтаи Владимир Путин, дар аҳди ӯ қонунҳои муҳоҷират сахттар мешаванд ва ҳар касе, ки барои кор ба Русия меояд, бояд аз забону таърих ва адабиёти рус имтиҳон супорад.

Дар ҳоли ҳозир бештар аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, ки ба қавли мақомоти интизомии ин кишвар аксарияти онҳо санадаи расмӣ барои кору будубош надоранд.

Мақолаи Владимир Путин бахше аз маъракаи тарғиботии ӯст, ки ба эҳтимоли ғолиб пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи 4 март, дигарбора ба қудрат бармегардад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854