15:14:36 03-уми Июни 2025 сол

АМИР ҚАРОҚУЛОВ БОЗ РАИСИ ҲИЗБИ АГРАРӢ ИНТИХОБ ШУД

Амир Қароқулов, барои боз як давраи дигар раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шудааст. Вакилони Анҷумани 4-уми Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҷаноби Қароқуловро берақиб ва барои боз панҷ соли дигар ба раҳбарии ин ҳизб баргузиданд. Ҳамчунон Рустам Латипов, вакили МН, муовини аввали раиси ҳизб интихоб шудааст. Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз ҷумлаи он аҳзоби сиёсии кишвар аст, ки дар парлумони кишвар ду намоянда дорад.

/images/stories/2011/11/26_qaraqulov_26112011.jpgМақомоти ин ҳизб мегӯяд, ки ҳизби онҳо танҳо дар доираи деҳқонон, камбизоатон, омӯзгорон нуфузи зиёд касб кардааст. Феълан мақомоти ҲАТ  шумораи аъзои худро ба 29780 тан бароварда мекунанд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи мақомоти ин ҳизб, шумораи аъзои он дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2010 ба понздаҳ ҳазор мерасид.

Интихоби берақиби раиси раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Муҳиддин Кабирӣ, бидуни алтернатива ба раёсати ҲНИТ баргузида шуд. Ба дунбол иддае аз коршиносону сиёсатмадорон ва расонаҳо интихоби бидуни алтернативаи ӯро иштибоҳи сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хонданд ва шахсияти ӯро, минҳайси раҳбари матраҳтарин ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумат таҳти суол қарор доданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854