15:47:03 03-уми Июни 2025 сол

МИЛЛАТГАРОҲОИ РУС ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪ МЕОЯНД

Имрӯз афроди алоҳида дар канори бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо талаби раҳоии халабони рус Владимир Садовничий пикетҳо ташкил карданд.

/images/stories/2011/11/12_skinkhedi_12-11-2011.jpgДар ин бора Сулаймон Рашидов, мушовири сафорати Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, ки қарор аст гирдиҳамоии гурӯҳҳои миллатгаро ва созмони ҷавони «Молодая гвардия» дар назди сафорат рӯзи душанбе баргузор шавад. Ҳамзамон кормандони полис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистонро идома медиҳанд.

Хабаргузории «Интерфакс» бо такя ба хадамоти муҳоҷиртаи Русия иттилоъ дод, ки аллакай 297 муҳоҷири тоҷик дар марказҳои муваққатӣ ҷой дода шудаанд ва ба зудӣ аз Русия ихроҷ мешаванд.

Амалиёти боздошти муҳоҷирон баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД -  шаҳрванди Русия  Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ ва марзшиканӣ барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Ин ҳукм боиси хашму ғазаби Маскав шудааст, ки онро ноодилона ва дорои ангезаи сиёсӣ мехонад. Ва аммо Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, ки ин ҳодиса як ҷинояти муқаррарӣ аст ҳукми додгоҳ ягон паҳлӯи сиёсӣ надорад. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон ӯ афзуд, ҷурми халабонҳо дар убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз пурра тайид шудааст.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 12.11.2011 23:22
Россия в очередной раз доказала что она ни когда не была Таджикистану другом и не будет ни когда! еще доказала свое долгое лицемерие. Раньше об этом знала меньшинство Таджиков, зато теперь об этом знает все Таджики. Россия поступила, подла с Таджикистаном «не по-мужски». Но мы НЕ боимся массовой депортации, мы боимся только великому «ОЛЛОХУ». Нас покормит наша земля: Мы с тобой ЭМОМАЛИ держись! Еще хочу, заметит, что депортируют не только не легальных и легальных тоже! Обращаюсь к тем родителям, которые потеряли своих близких, из рук Русских нацистов соберитесь тоже около посольство России (как русские НЕ СПРАВЕДЛЕВА, НЕ ЗАККОНА, БЕЗСТИДА и ГРУБО этого делают около нашей посольстве)!!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854