05:38:29 01-уми Июли 2025 сол

НИГАРОНИИ САФОРАТИ АМРИКО АЗ РАФТОРИ ЯК АФСАРИ ПОЛИС

Имрӯз, 26-уми август дар як баёнияи дафтари матбуотии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон омадааст, ки «Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди таҳдидҳои афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ба ду вакили мудофеи ҳафтаномаи «Азия-Плюс» изҳори нигаронӣ мекунад. 

/images/stories/2011/08/26_saforatkhonai-ima_26.8.2011.jpg

Амали мазкур дар сурати ҳақиқат доштанаш дар толори суд таҳаммулнопазир аст ва ин воқеа бояд таҳқиқ шавад то ин ки бутунии системаи адлияи кишвар нигоҳ дошта шавад. Мо изҳороти ВКД оид ба ифтитоҳи таҳқиқи дохилиро ҳамчун як қадами мусбат арзёбӣ мекунем. Мо дафтари додситонро водор мекунем, ки ин таҳдидҳоро ҷиддӣ қабул кунанд, ҳаматарафа таҳқиқ намоянд ва такя ба хулосаҳои таҳқиқот, чораҳои лозимӣ биандешанд».

 Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17-уми август Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, ду вакили мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ба хабарнигорон изҳор доштанд, ки дар толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Валихон Муллоев, як афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, таҳдид карааст, ки онҳоро аз байн хоҳад бурд.

Онҳо даъвогаранд, ки Валихон Муллоев таҳдиди худро чанд бор такрор кардааст ва шоҳидон ҳам ин ҳарфҳоро шунидаанд. Вакилони мудофеъи нашрияи «Азия-плюс» ба Додситонии кулли Тоҷикистон низ муроҷиат карда дархост намуданд, ки таҳдиди Валихон Муллоевро тибқи қонунҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ арзёбӣ намоянд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ