ИНТИҚОДИ ШАҲРДОРӢ АЗ МАСЪУЛИН
Ҳолати воқеии намои берунаи бинову иншооти дар шафати кӯчаҳои протоколии шаҳр ҷойгирбуда, вазъи экологию санитарӣ ва ободонии пойтахт, хулас омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 4 июл таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, барасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа санҷиши анҷомдодаи гурӯҳҳои махсуси кории таҳти роҳбарии вакилони шаҳрӣ таъсисёфта, аз ҷумла наворҳои аз вазъи кӯчаҳои мавриди таваҷҷӯҳи шаҳр таҳиягашта бо иштироки роҳбарони соҳибтавозуни иншоотҳо, ки корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни Истиқлолият дар онҳо бо дермонӣ сурат гирифтааст, таҳлил карда шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо интиқод аз фаъолияти анҷомдодаи раисони ноҳияҳо ва роҳбарони субъектҳои соҳибтавозун дар ин самт бо ироаи дастурҳои қатъӣ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо ду ҳафта мӯҳлат дод. Дар робита ба ин Раиси шаҳр гурӯҳҳои кориро муваззаф намуд, ки бо анҷоми санҷишҳои ҳамарӯза унвонии Раиси шаҳр ахборот пешниҳод созанд.
Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»