22:52:41 01-уми Июни 2025 сол

ДАРГИРӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Дар амалиёте дар минтақаи марзии Суғду Ботканд як шаҳрванди Тоҷикистон - Умед Низомов кушта шудааст. Амалиёти ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби нерӯҳои интизомии Қирғизистон пас аз зӯҳри дувуми апрел, дар ноҳияи Лайлак, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар казинои "Шангри Ла", 25-километрии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

sarhadБа навиштаи хабаргузориҳо, аз ҷумла "АкиПресс", дар ин амалиёт як пулиси қирғиз ҳам аз захми корд ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол ёфтааст. Як манбаи мӯътамад аз мақомоти интизомии Суғд бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҷониби Қирғизистон онҳоро аз роҳандозии ин амалиёт огоҳ карда ва дар боздошти як автомобил, ки бидуни рақами давлатӣ аз ҷойи ҳодиса ғайб зад, кӯмак хостааст.

Ба қавли ин манбаъ, кормандони интизомии Қирғизистон гуфтаанд, ки зимни амалиёт як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Абдулмаҷид Ғуломносиров, сокини шаҳри Чкаловро бо як кило маводи мухаддир дастгир ва ба шахри Ӯш интиқол додаанд. Ин дар ҳолест, ки манобеи огоҳ аз қазия мегӯянд, ҳадди ақалл панҷ сокини Суғд аз сӯи милисаи қирғиз дастгир шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854