10:50:05 12-уми Июли 2025 сол

МОШЕ КАТСАВ БАРОИ ҲАФТ СОЛ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД

Додгоҳи шаҳри Тел-Авив имрӯз раисиҷумҳури пешини Исроил Моше Катсавро барои таҷовуз ба номус ва дастдарозӣ ба занҳо барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон кард.

Моҳи декабри соли гузашта ӯ дар ду далели таҷовуз ба номус дар соли 1998, замони вазири ҷаҳонгардӣ буданаш айбдор шуда буд.

Моше Катсав ҳамчунин дар дастдарозӣ ба ду зане, ки замони раисиҷумҳур буданаш ҳамроҳ бо ӯ кор мекарданд, муттаҳам шудааст.

Катсав ду ҳафта пеш аз хатми мӯҳлати раёсатҷумҳурияш маҷбур шуда буд, ки ба истеъфо равад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ