"ТОҶИКИСТОН - КИШВАРЕ БО ИҚТИСОДИ БАСТА"
Тоҷикистон дар Шохиси Озодии Иқтисодӣ 2011 (2011 Index of Eeconomic Freedom) дар миёни кишварҳои ҷаҳон мақоми 128-умро касб кардааст. Ин шохис аз соли 1995 ба баъд ҳамасола аз сӯйи коршиносон ва мутахасисони Сандуқи Ҳеритеҷ (Heritage Foundation) ва маҷаллаи “The Wall Street Journal” таҳия ва чоп мешавад.
Тоҷикистон дар миёни 183 кишвари ҷаҳон дар ин шохис дар ҷойи 128 қарор гирифта ва ба гурӯҳи “кишварҳои дорои иқтисоди баста” ворид шудааст. Ҳарчанд дар ин гузориш таъкид шудааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар муқоиса бо як сол қабл 0.5 дарсад озодтар шудааст.
Бар асоси навиштаи муаллифони ин гузориши бонуфуз барои созмонҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, озодии иқтисодӣ дар ҷаҳон дар соли ҷорӣ андаке рушд нишон додааст. Ин гузориш бар асоси даҳ меъёр раванди тавсеъаи кишварҳоро ба самти иқтисоди озод таҳлил мекунад.
Бар асоси баёнияи Сандуқи Ҳеритеҷ дар бораи ин гузориши ҷадид: “Бохте, ки озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон дар пайи бӯҳрони молии солҳои ахир мутаҳамил шуд, дар соли гузашта то ҳадди зиёд ҷуброн шудааст.”
Давлатҳои зиёде дубора барои устувории пул, озодии иқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ бештар талош карданд ва ба самти пешрафти озодии иқтисод баргаштанд.
Би-Би-Си