18:51:31 23-уми Майи 2025 сол

ҲАБСИ ТӮЛОНИИ МИЛИСАҲОИ ҶИНОЯТКОР

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон собиқ кормандони умури дохилиро барои ҳамла ба казинои "Помир" ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум кард. Собиқ фармондеҳи ротаи ОМОН ё Нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Равшан Ҳомидов ва собиқ раҳбари бахши навбатдори ин нерӯҳо Тоҳир Раҳимов ҳар кадом ба 21 соли зиндон ва мусодира шудани молу мулкашон маҳкум шуданд.

Ин иттилоъро раиси муҳокима Додгоҳи олии Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Абдулҳаққов дар гуфтугӯе бо хабаргузории "Азия-Плюс" тасдиқ кардааст.

Парвандаи ҷиноии сарвари дастаи ғоратгар, собиқ корманди Раёсати нерӯҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Таваккалхоҷа Низомов, ки мавриди пайгарду ҷустуҷӯст, ҷудо аз парвандаи ҳамла ба казинои "Помир" мавриди пажӯҳиш қарор дорад.

Фаъолияти ин дастаи муташаккил замоне ошкор гардид, ки онҳо шаби 15-уми феврали соли равон ба казинои "Помир" дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карда, 40 000 доллар ва мошини як муштарии казиноро ба яғмо бурданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ