09:09:02 02-уми Июли 2025 сол

КАШФИ ЯК МАХФИГОҲИ АСЛИҲА ДАР РАШТ

Пулиси Тоҷикистон дар минтақаи Рашт як махфигоҳи аслиҳаро бо миқдори зиёде муҳимоти ҷангӣ кашф кардааст. Тибқи иттилоъи манобеъи пулис, ин махфигоҳ дар рустои Қарашаҳрии ноҳияи Рашт ошкор шудааст. Гуфта мешавад, ки лавозими ҷангӣ дар боми манзили маскунии яке аз сокинони ин деҳа пайдо шудааст.

 

oruzhieМаъмурони пулис аз ин махфигоҳ як норинҷакандоз, ду худкори Калашников, 10 адад норинҷак ва чанд бастаи юнифурми (либоси) низомӣ пайдо кардаанд. Зимнан, дар чанд моҳи ахир дар минтақаи Рашт амалиёти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ барои боздошти пайкорҷӯёне, ки моҳи сентябр дар дараи Камароб ба комюнҳои вазорати дифоъ ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода буданд, идома дорад. Пулис ҳамчунин аз кашфи махфигоҳи дигаре дар як минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон гузориш медиҳад.

 

Тибқи ин хабар, дар наздикии минтақаи Яхсу, дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, махфигоҳе бо 3 норинҷак ва тирдонҳои худкори Калашников пайдо шудааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш додааст, ки аз авоили соли ҷорӣ дар ин кишвар 201 адад худкори Калашников, 130 тапонча, 81 норинҷакандоз ва 462 адад маводди мунфаҷира кашф ва мусодира шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4015-2010-12-29-15-03-44.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ