22:03:38 01-уми Июли 2025 сол

САҲА БА ПОКСОЗИИ МИНАҲО ДАР МАРЗҲОИ ТОҶИКИСТОН ШУРӮЪ КАРД

Дар Душанбе семинари дурӯзаи минтақавии техникӣ оид ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар поксозии минаҳо гузашт. Ин семинар яке аз ҷузъҳои лоиҳаи бисёрҷанбаи САҲА оид ба густариш додани ҳамкории минтақавӣ дар поксозии минаҳо бо мақсади умумии ба роҳ мондани механизми расмии ҳамкорӣ дар ҳал намудани масъалаҳои поксозии минаҳо ва дигар масъалаҳои марбута дар Осиёи Марказӣ, мебошад.

 

minrub«Тоҷикистон аллакай дар қаламрави худ корҳои назаррасро дар пок сохтани минтақаҳои минадор ба анҷом расонидааст. Вале, масъалаи минтақаҳои сарҳадии минадор истифодаи бархурди бисёрҷанбаеро, ки масъалаҳои марбутаи боиси нигаронии кишварҳои минтақаро ба назар мегирад, талаб мекунад. Ин семинари минтақавӣ заминаи хуберо барои табодули таҷриба ва технологияҳои нав дар соҳаи поксозии минаҳо ва ҳамчунин барои тарҳрезӣ намудани бархурди расмӣ барои ҳамкорӣ дар сатҳи техникӣ фароҳам меоварад.

 

САҲА бо ҳузури сиёсии худ дар минтақа он ташкилоте мебошад, ки нақши муҳимеро дар мусоидат намудан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои фароҳам овардани замина барои ҳамкорӣ дар соҳаи поксозии минаҳо бозӣ карда метавонад», гуфт сафир Ивар Викки, Раиси Дафтари САҲА дар Тоҷикистон. Аз соли 2003 инҷониб, САҲА тавассути Дафтари худ дар Тоҷикистон бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон, ба кишвар, дар ҳалли масъалаҳои марбута ба таҳдидҳое, ки минаҳои зидди пиёдагардӣ дар худ ниҳон доранд, мусоидат намуда истодааст.

 

Тӯли шаш соли охир Дафтар ҷонибдори асосӣ дар поксозии сартосари минаҳо, минтақаҳои ҷангдида, муҳимоти нотаркида ва татбиқи лоиҳа оид ба гузаронидани корҳои тадқиқотӣ дар ин ҷода мебошад. Дар соли 2009 Дафтари САҲА талошҳои худро ба самти кӯмак расонидан ба Тоҷикистон дар тарҳрезӣ намудани фаъолиятҳои миллии мустақил дар соҳаи поксозии минаҳо, ва инчунин, умуман ба тарғиби истифодаи бархурдҳои минтақавӣ вобаста ба масъалаҳои марбута ба поксозии минаҳо равона намуд.

 

Дар баромади худ Мушовир оид ба муносибатҳои байналмиллалии Хазинаи байналмиллалии эътимод Изток Ҳошевар қайд намуд, ки «Ҳамкории минтақавие, ки ба он Хазинаи байналмиллалии эътимод оид ба поксозии минаҳо ва расонидани кӯмак ба қурбониён барои кишварҳои Балкани Ғарбӣ оғоз бахшид, таконе бобароре буд барои поксозии минтақаҳои минадор».

 

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва мутахассисони Хазинаи байналмиллалии эътимод ба гузаронидани семинари минтақавӣ бо иштироки намояндагони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат карданд. Намояндагони ташкилотҳои мудофиавии ИМА ва мутахассисон оид ба поксозии минаҳо аз ташкилоти Кӯмаки мардуми Норвегия (Norwegian People’s Aid) дар ин семинар дар ҳайси нозирон иштирок намуданд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3748-2010-12-03-07-21-49.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ