Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
18-уми декабри соли ҷорӣ вохӯрии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев доир гардид.
Зимни мулоқот ҳодисаи кушта шудани шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Алиев дар шаҳри Одинтсовои вилояти Москваи Федератсияи Русия, мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ин ҷинояти мудҳиш дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронии ҷиддӣ ва вокуниши васеъ ба бор овардааст.
Дар ин замина ҷониби Тоҷикистон ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба, одилона ва шаффофи қазияи мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия ишора намуда, аҳамияти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ноболиғонро ҳамчун авлавияти умумӣ таъкид кард.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таъмини амният, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишварро дар самти таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ муҳокима намуданд.
Дар анҷоми мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идома додани муколамаи созанда ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи самтҳо иброз гардид.
АМИТ «Ховар»
















