01:02:02 07-уми Июни 2025 сол

ПАТРУШЕВ ИДДАОҲО ДАР БОРАИ ТАҲДИДИ РУСИЯ БА УКРОИНАРО "БЕМАЪНӢ" НОМИД

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт, Русия ба ҳеҷ ваҷҳ ба Укроина таҳдид намекунад, ҳама изҳороти мақомоти ИМА дар ин бора комилан бемаънӣ аст.

nikolay patrushev 4545124545Русия ҷангро намехоҳад ва ба ҳеҷ ваҷҳ Укроинаро таҳдид намекунад, ҳама изҳороти мақомоти ИМА дар муқобил комилан бемаънӣ аст. Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба хабарнигорон, ки рӯзи якшанбе дар қабристони ёдбуди Пискаревскии Санкт-Петербург ба ёди қурбониёни муҳосираи Ленинград гулчанбар гузошт, гуфт.

"Айни замон мегӯянд, ки Русия Укроинаро таҳдид мекунад. Бемаънии комил! Ҳеҷ таҳдиде нест", - гуфт Патрушев ва таъкид кард, ки "худи укроинҳо, аз ҷумла мансабдорон эълом мекунанд", ки таҳдиде вуҷуд надорад.

"Аммо, мақомоти Амрико мегӯянд, ки таҳдид вуҷуд дорад ва онҳо омодаанд ба ҷанг ва то охирин укроиниро бо силоҳ таъмин мекунанд", - афзуд дабири Шӯрои Амният.

"Мо ҷангро намехоҳем ва мо аслан ба ин ҷанг ниёз надорем ва онҳое, ки онро таҳмил мекунанд, махсусан аз Ғарб, онҳо дунболи баъзе бофтаҳои ғаразноки худ ҳастанд", - таъкид кард Патрушев.

Манбаъ: ТАСС

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854