01:19:11 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БЕСУБОТӢ ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

27-уми январи соли ҷорӣ бори дигар авзоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муташанниҷ шуда, дар пайи гулулаборони Тоҷикистон тавассути қиргизҳо ду кушта ва беш аз 15 захмӣ гузориш шудааст. Мақомоти баландпояи ду кишвар дар пайи ҳаллу фасли муноқиша буда, оташбас эълон шудааст, музокирот байни марзбонону артиш идома дорад.

karta asia 45547845Тибқи хабаргузории "Азия плюс", имрӯз 29-уми январ дар гузаргоҳи сарҳадии вилояти Ботканти ҷумҳурии Қирғизистон даври дуюми мулоқоту музокироти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оғоз гардид. Гуруҳҳои кориро аз ду ҷониб раисони КДАМ-и ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд. Дар мулоқот вазъи баамаломадаи рӯзи 27 январ дар хати марз муҳокима гардида истодааст.

Дар дигар манотиқи Осиёи Марказӣ низ вазъият на он қадар ҳам хуб ба назар мерасад, ки ахиран табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон тақрибан сурат гирифт. Бо вуҷуди он ки эътирозҳо дар кишвар ба поён расида ва мақомоти Қазоқистон тавонистаанд бо мардум ба созиш бирасанд, Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои пешгирӣ аз нооромиҳо вазъияти мамлакатро тахти назорат гирифтааст.

Дар ҳамин маврид дар таърихи 3-уми январи соли ҷорӣ марзбонҳои Туркманистон бо нерӯҳои ишғолгари Толибон дар сарҳад вориди даргирӣ шуда буданд. Баъдан ин хабарро расонаҳои маҳаллии Афғонистон тасдиқ низ карданд. Телевизиони “Тулуъ” бо такя ба масъулони гуруҳи Толибон хабар дод, ки тирпарониро аввал марзбонони Туркманистон оғоз кардаанд. Ба иттилои манбаъ, низомиёни Толибон ба маҳалли ҳодиса барои таҳқиқи марги сокини осоиштае рафта буданд, ки гуё аз сӯи марзбонони туркман кушта шудааст. Ҳар ду ҷониб дар бораи талафоти ҷонӣ дар натиҷаи ин задухӯрд хабар надодаанд. Ҳукумати Туркманистон то ба ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Аммо чунин вазъияти пуртаниш на танҳо дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Расонаҳои ҷаҳонӣ аз даргирии эҳтимолии Русия ва Укроина менависанд. Дар ҳамин ҳол, дар худи Укроина миллатгароёни маҳаллӣ ба мардуми осоиштаи ғайри Укроиние, ки солҳои сол дар онҷо зисту зиндагонӣ карда, бо интиқом таҳдид мекунанд. Дар эъломияҳое, ки байни аҳолӣ паҳн карда шудааст, дар онҳо ба қатли ом ва бадарға кардани ин мардуми ғайри укроинӣ аз Укроина даъват карда мешавад.

Ахиран ҳодисаҳои шабеҳи ошӯбҳои моҳи январи Қазоқистон дар Беларус рух дода буданд, ки ҳамагӣ аз он чӣ гузашта буд, маълумоте дорем. Ҳатто пеш аз Беларус, дар байни Озарбойҷон ва Арманистон низ ҷанг рухдода, ки бо шумораи зиёди қурбониҳо сурат гирифта буд.

Ноустувории сиёсӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ ба як тамоюл табдил ёфта истодааст: баҳсҳои ҳудудӣ, эҳсосоти миллатгароӣ, норозигии мардум. Ҳамаи ин боиси ҷанҷолҳо ва ҷангҳо мегардад ва чунон ки маълум аст, барои ҳеҷ як тараф натиҷаи мусбат намедиҳад: давлатҳо, шаҳрҳо, хонаҳо ва тақдири одамон хароб мегарданд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi