09:54:12 04-уми Июни 2025 сол

Таҳдиди хатарҳои навини ҷаҳони муосир зери ниқоби ислом

Тайи ду рӯз аст, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» ҷараён дорад, ки дар он меҳмонони беш аз 15 кишвари хориҷӣ, намояндагони созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок доранд. Ташкилкунандаи конфронс Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Конфронси имрӯза аз ду бахш иборат буда, бахши аввал «Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини Ваҳдати миллӣ, мубориза ба муқобили экстремизми динӣ ва терроризм» ном дошта, дар он аз ҷумла ба мавзӯъҳои «Омилҳои иҷтимоӣ- фарҳангии ифротгароии динии занон», «Таҳдиди хатарҳои навини ҷаҳони муосир зери ниқоби ислом», «Шеваҳои таблиғоти ҳузурӣ ва интернетии гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ва роҳҳои пешгирии ин раванд», «Заминаҳои иҷтимоӣ- иқтисодии пешгирии паҳншавии экстремизм  ва терроризм» ва «Ташаккулёбии асосҳои ҳуқуқии мубориза бо экстремизми динӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби коршиносон маърӯзаҳо қироат гаштанд.

Дар маърӯзаҳо гуфта шуд, ки қисмати бештари занон на ба таври дастаҷамъӣ, балки ба таври инфиродӣ ба гурӯҳҳои террористӣ  пайваст мешаванд.

Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» таҳти унвони таҷрибаи минтақавии байналмилалӣ оид ба мубориза ба муқобили экстремизми динӣ ва терроризм идома ёфта, дар он мутахассисон ва коршиносони аҳли дин аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ба монанди Ҷумҳурии Қирғизистон, давлати Қувайт, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Покистон ва Ҷумҳурии федералии Олмон аз таҷрибаи кишварҳои худ дар роҳи мубориза бар зидди терроризму экстремизм маърӯза карда истодаанд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854