09:58:02 04-уми Июни 2025 сол

Эҳтироми Шайхулислом ба забони тоҷикӣ ва кумакаш ба зарардидагони офати табиӣ

Раиси идораи мусулмонони Қафқоз Шайхулислом Аллоҳшукур Пошозода дар ҷараёни баргузории конфронси байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт, гуфт, ки ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи минтақаи шарқи Тоҷикистон 10 ҳазор $ кумак менамояд.

Шайхулислом Аллоҳшукур Пошозода зимни суханронияш гуфт, ки: забони модариаш озарист, аммо ба забон, фарҳанг ва миллати тоҷик эҳтироми бузург дорад. Роҳбари мусулмонони Қафқоз дар назди иштирокдорони конфронси байналмилалӣ бо забони ноби тоҷикӣ баромад кард ва суханронии Пошозода аз ҷониби аҳли толор  бо кафкӯбии бардавом истиқбол гирифта шуд.

Ин дар ҳоле сурат гирифт, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода- Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар оғози конфронс доир ба ҳодисаҳои табиӣ дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон, ки рӯзҳои охир ба вуқуъ омад ва хисороти ҷонию молӣ ба бор овардааст, гузориш дод.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854